Рубрики Хабарҳо

Чаро Эмомалӣ Раҳмон боз ба сатру риш часпид?

Эмомалӣ Раҳмон пас аз танаффуси ҳади ақал сесола бори дигар ба масъалаи либоспӯшии мардум баргашт ва аз мақомот хост то “аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракаттҳои ифротӣ ва пӯшидани либоси бегона пешгирӣ кунанд”.

Рӯзи 17-уми апрел дар гуфтугӯ бо “фаъолон” ва сокинони шаҳри Гулистони вилояти Суғд раисҷумҳури Тоҷикистон ба масоили ифротгароӣ ва сарулибос пардохт ва эълон кард ба мақомот супориш додааст “ҷавононро ба худдорӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тақлид ба сарулибоси бегонаву анъанаҳои номатлуб ҳидоят намоянд.”

Ин таъкиди Раҳмон ва “бод додани коҳи кӯҳна” аз тарафи ӯ дар ҳолест, ки ду соли охир занони сатрпӯш ва мардони ришдори тоҷик каме нафаси осуда кашида буданд. Бо гумони ғолиб ин супориши раисҷумҳур бо суръат шурӯъ ба иҷро мегардад ва ба таҳқиру таъқиби ҳазорҳо занони сатрпӯш ва мардони ришдор асос мегузорад. Ба зудӣ ҷомеъаи тоҷик шоҳиди мавҷи нави “рейдҳо”-и зидди сатру риш хоҳад гашт.

Аммо чаро Раҳмон маҳз дар ҳамин замон дастгоҳи репрессивиашро ба кор даровард ва мехоҳад мардуми бе ин ҳам дорои садҳо мушкилотро ба мушкили нави кӯҳнаи дигаре мувоҷеҳ созад?

Ҳеҷ тасмиме, бахусус тасмими бакорандозии мошини репресивӣ бидуни сабабе гирифта намешавад. Аслан сабаби аслӣ бояд гароиши бештари мардум ба ҳаракатҳои ифротӣ ё ҳади ақал гароиши бештари ҷавонон ба дин мебуд, аммо ин омилҳо дар Тоҷикистон на танҳо мушоҳида намешаванд, балки раванд баръакс аст. Пас, метавон бо итминон  гуфт, ки сабаби ин тасмим ҷалби таваҷҷӯҳи расонаҳо, мухолифин ва мардум ба ин мавзӯъ ва дур кардан аз мушкил ё мушкилоти дигар аст.  

Барои дарёфти сабаб бояд ба баромаду даъватҳои қаблии раисҷумҳур, бахусус ҳарфҳои ӯ дар бораи мушкилот таваҷҷӯҳ кард. 

Раҳмон танҳо замоне бо мардум дар бораи мушкилот ҳарф мезанад, ки онҳо хеле тезутунд ва бузург мешаванд ва ба вазъи кишвар таҳдид мекунанд. Мушкилоти “кӯчаке” мисли марги дастаҷамъӣ, сӯхтани хонаҳои мардум, ҳабси садҳо нафар дар Русия ва ғайраро ӯ лоиқи таваҷҷӯҳи ҷаноболӣ намедонад. 

Ду мушкилеро, ки “пешво” дар суханрониҳои ахираш ба онҳо тамаркуз кард, метавон ба унвони сабаби аслии манёври мунҳарифкунандаи (отвлекающий) ахири Раҳмон интихоб кард. 

Шадидтарин бӯҳрони иқтисодӣ

Тибқи пешбинии коршиносон, Тоҷикистонро шадидтарин бӯҳрони иқтисодӣ аз замони истиқлолияташ интизор аст. Ин бӯҳрон, ки пешбинӣ мешавад аз бекор мондани садҳо ҳазор муҳоҷир дар Русия ибтидо гирифта бинобар болоравии нархи маҳслуоти хӯрока дар ҷаҳон амиқтар хоҳад шуд, паёмадҳое мисли қашшоқии саросарӣ, гаронии нархҳо, норасоии маводи ғизоӣ, рукуди иқтисоду ММД, иҷронашивии нақшаи буҷа ва ғайра хоҳад дошт. 

Ҳукумат, ҳарчанд эълон карда нақшаҳои барои кам кардани таъсири бӯҳрон рӯи даст гирифтааст, тақрибан ҳеҷ коре барои маҳори ин бӯҳрон анҷом дода наметавонад. Раҳмон инро медонад. Ӯ ҳамчунин медонад ягона коре, ки дар ин марҳала аз дасташ меояд, муроҷиат ба мардум аз як тараф ва мушкилсозӣ барои бурдани таваҷҷӯҳ ба ҷониб аз тарафи дигар аст. Чун мушкилот хеле бузурганд, аз ҳарду “имконияташ” якҷоя истифода мекунад. 

“Пешво” дар паёми наврӯзиаш имсолу солҳои ояндаро «душвортарин солҳои таърих» номид ва мардумро ба сабр дар онҳо даъват кард. Ӯ боз ҳамон пластинкаи кӯҳнаашро ба гардиш дароварду хостори «истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил» шуд ва иддао кард ин кор «яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад». (Агар Раҳмон се соли дигар дар қудрат монд, шоҳиди талаби рӯёнидани 5-6 ҳосил аз замнҳо низ хоҳем шуд — талаби ду ҳосил дар солҳои 2010 ба 4 ҳосил дар соли 2022 боло рафтаст.)  

Албатта Раҳмон имконоти зиёде барои камтар кардани таъсири бӯҳрон дорад, барои мисол баргардонидани пулҳои дуздидаи худашу хонаводааш аз хориҷ, аммо онҳое, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, ки “маргро аз баргардонидани пулҳо авлотар медонад”.

Мушкилоти сарҳадӣ бо Қирғизистон

Дирӯз, 17-уми апрел “пешво”, ки бо қайчияш ба Исфара рафта буд, аз сокинони ин ноҳия даъват кард бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд ва босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.

Даъвати Раҳмон дар ҳоле садо дод, ки ҳукуматаш бинобар беамаливу беҷуръатӣ дар ҳамлаҳои пайдарпайи низомиёни қирғиз ба мардуми осоишта ва сарҳадбонони тоҷик мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ номаи сарҳадбонони тоҷик , ки мегӯянд сардори Нерӯҳои марзбонии тоҷик Раҷабалӣ Раҳмон, ки хеши наздики Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст, ба онҳо фармон додааст ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳамлаҳои қирғизҳо посух надиҳанд. 

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президент Эмомали Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни ду кишвар гуфтушунидҳоро бо Қирғизистон оғоз карда буд. Ӯ афзуд, то имрӯз дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссия аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст.

Дар назари аввал гӯё воқеъан кори бузурге анҷом шудааст, аммо ин танҳо манипулятсия бо рақам аст, ки усули дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дуруст аст, ки 663,7 км ё 68,4 фоиз кам нест, аммо асли масъала ин ҷост, ки хат сарҳадеро, ки дар он ҳеҷ ихтилофе нест, мешавад дар 1 моҳ муайян кард. Ва ихтилоф байни ду кишвар ҳам дар ҳудуди 10 дарсади хати марз аст, ки солҳост ҳали худоро намеёбад ва ин хат ҳар сол чанд метр дар бару чанд километр дар дарозӣ ба дохили замини Тоҷикистон мекӯчад. 

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад.

“Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”.-гуфтааст раисҷумҳур.

Ӯ аз мардуми шаҳри Исфара хостааст бо ҳамсояҳои худ “дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд”.

“Пешво” дар ҳоле мардуми Исфараро ба сабру таҳаммул даъват мекунад, ки бо гузашти як сол аз  марги беш аз 20 сокини ин ноҳия дар низоъи марзии соли гузашта ва сӯхтани даҳҳо хонаи онҳо, камтарин изҳори ҳамдардӣ бо ин мардум накардааст. Даъват ба сабру таҳаммули тоҷикони марзнишин дар ҳолест, ки Қирғизистон бо суръат сокинони марзнишинашро мусаллаҳ мекунад ва нерӯҳояш дар сарҳади Тоҷикистонро ба таври бесобиқа тақвият додааст. 

Бештари коршиносон ба ин назаранд, ки Қирғизистон тасмим гирифтааст масъалаи марзӣ бо Тоҷикистонро бо роҳи низомӣ ҳал намояд ва саргаҳи оби дарёчаи Исфараро барои ҳамеша соҳиб шавад. Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди вуҷуди тамоми далоил ба ин нияти кишвари ҳамсоя, мақомоти Тоҷикистон камтарин омодагие ба ҷанги эҳтимолии оянда надоранд. 

“Пешво” ҳам инро медонад. Аммо ё ба тақдир тан додаасту намехоҳад барои об вориди низоъ бо Қирғизистон шавад ва бизнеси бузурги домодаш аз даст равад, ё бо қирғизҳо кайҳо шартнома бастааст ва ба зудӣ гузашти дигаре ба онҳо хоҳад кард. Ва барои он ки мардум, расонаҳо ва мухолифин аз ин мушкилот камтар ҳарф зананд, бояд мушкили дигаре эҷод кунад, то таваҷҷӯҳ ба ин ду мушкили бузург камтар шавад.  

Аз ин ҷост, ки дубора рӯ ба пурбаҳстарин мушкил дар ҷомеъаи тоҷик — баҳси сатру ҳиҷоб овардааст. 

Албатта ин мушкили сунъиэҷод то ҷое таваҷҷӯҳро аз мушкилоти бузургтар сӯи дигар хоҳад бурд. Аммо яке аз ин се мушкил — шурӯъи нави таҳқирҳо, бохт дар ҷанг бо қирғизҳо, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва ё ҳарсеи он дар маҷмӯъ метавонад ҳамон гӯгирде гардад, ки ба бушкаи борути сабри миллат андохта мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *