Раҳмон “дарси сулҳ”-ашро дар бинои Кабирӣ баргузор кард, аммо аз сулҳи тоҷикон ҳарфе назад
Раисҷумҳури Тоҷикистон тасмимаш дар бораи баргузории “Дарси сулҳ” дар бинои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ иваз накард ва онҷо ба хонандагони мактаби тозаифтитоҳшуда аз сулҳ “дарс” гуфт. Аммо бо фарқ аз баромадҳои дигараш, ки худашро асосгузори сулҳу тарафи дигарро асосгузори ҷанг нахонд.
“Дарси сулҳ” мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аслан дар бораи сулҳ бо як ҷумла иктифо кард ва суханрониаш бештар ба бахши маориф нигаронида шуда буд.
Бинои ғасбшуда аз раиси ҲНИТ баъди пуррасозӣ ва ҳамроҳ кардани қисмати дигар ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 табдил ёфта, қарор аст 2400 нафар хонанда дар он таҳсил кунанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ дар ба Паём аз ин иқдоми мақомот дастгирӣ кард ва гуфт, ки “хуб аст, ки онро на ба ягон бинои маъмурӣ, балки ба мактаб табдил додаанд».
Зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагон дар маҷлисгоҳи мактаби нав раисҷумҳур вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва муовини раиси пойтахтро муваззаф ба арӯскобӣ барои яке аз омӯзгорони ҷавони шаҳри Душанбе намуд, ки назди ӯ суханронӣ кард.
Баъди баромади омӯзгор Раҳмон ӯро аз вазъи оилавиаш пурсид ва баъди посухи ӯ, ки ҳанӯз оиладор нест, дастур дод, ки ба издивоҷи ӯ мусоидат кунанд.
Ӯ тавсия дод, ки ҳамсари ояндаи омӯзгорро беҳтараш дар интернат барои духтарони ятими пойтахт ҷӯянд.