Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch (HRW), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, ки ҳар сол вазъи ҳуқуқи башар дар беш аз 100 кишвари ҷаҳонро таҳқиқ ва нашр мекунад, соли 2020-ро барои Тоҷикистон соли баде мисли солҳои дигар номидааст. Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин раванд идома хоҳад кард
Бештари ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи башар, ки дар гузориши HRW зикр шудаанд, қаблан дар расонаҳо озоду мухолифи Тоҷикистон, аз ҷумла Паём бо тафсил нашр шуда буданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша расонаҳои тоҷикзабонеро, ки аз ин гуна ҳаводис хабар медиҳанд ва хиёнат ва фитнаандозӣ муттаҳам мекунанд. Ба андешаи коршиносон, яке аз сабабҳои аслие, ки мавқеъи Тоҷикистонро дар раддабандиҳои озодиҳо ҳар сол поёнтар мебарад, ҳамин кӯшиши онҳо барои бастани даҳони расонаҳо ва иттиҳоми хиёнату фитнаадозӣ ба онҳо мебошад.
Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар дар бораи афзоиши таъқиби мунаққидони ҳукумату зиндонӣ кардани онҳо, бештар шудани шумори зиндониёни сиёсӣ, маҳдудтар кардани озодии баён ва озодиҳои динӣ, интихоботи бидуни алтернатива, бемасъулиятии ҳукумат дар мубориза бо Ковид-19 ва ғайра таъкид шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳамаро рад мекунанд ва даъво доранд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хуб аст ва соли гузашта беҳтар гаштааст.
Ин созмон ба масъалаи зиндониҳо дар давраи пандемия пардохта навиштааст, ки мақомоти Тоҷиикистон “ҳеч коре барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар зиндонҳо анҷом надоданд”. Дар бораи бамасъулиятии мақомоти Тоҷикистон нисбат ба пешгирии вуруди вирус ба зиндонҳо ва табобати гирифторони ин беморӣ Паём ва дигар расонаҳо даҳҳо матлаб ба нашр расониданд, аммо мақомот ҳар дафъа онҳоро тӯҳмат номида, пофишорӣ мекарданд, ки коруно ба зиндонҳо роҳ наёфтааст. Танҳо баъди саросарӣ шудани вирус дар маҳбасҳо, мақомот дарҳои онҳоро баста, мулоқоти хешутабор бо зиндониҳоро манъ карданд.
HRW ҳамчунин ба манъи муоширати зиндониҳо бо ҳуқуқшиноси маъруфи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро аз ҷониби мақомоти зиндонҳо хотиррасон кардаст. Ин созмон мегӯяд бо вуҷуди тақозои озодии Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона, Ёров ва зиндониёни дигари сиёсӣ то ҳол озод нашудаанд.
Дар гузориш чанд мавриди таъқибу азияти мунаққидон дар хориҷи кишвар ва истирдоди ғайриқонунии онҳо сухан меравад. Аз ҷумла номҳои Хурсанд Наҷмиддинову Ҷамшед Шарипов, фаъолони “Гурӯҳи 24” ва Ҳизбулло Шовализода, ки аз ҷониби мақомоти Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд ва бо иттиҳоми узвият дар ҲНИТ ба 23 соли зиндон мақкум гардид, зикр гардидаанд. Ҳамчунин аз латукӯб шудани Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо аз ҷониби ду ҳамлагар ёдоварӣ шудааст. Ёқубов дар Каунуси Литва мавриди ҳамла қарор гирифт, аммо тавонист аз дасти ҳамлагарон, ки кӯшиши рабуданашро доштанд, фирор кунад.
Муаллифони гузориш азият шудани духтари Ҳикматулло Сайфуллозода – Фарзона ва писари Зубайдуллоҳи Розиқ – Асрориддинро хотиррасон кардаанд, ки падарони ҳарду узви Раёсати Олии ҲНИТ ҳастанд. HRW муътақид аст, ки Фарзона Сайфуллозодаро маҷбур карданд, ки зери навори видеоӣ зидди ҲНИТ сӯҳбат кунад. Асрориддин Розиқов бо иттиҳоми ифротгарӣ ба зиндон рафт. Ҳамчунин аз боздошту шиканҷаи 13 узви хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон гузориш дода мешавад.
Дар гузориши солонаи HRW ба роҳ наёфтани ҳеҷ як аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократӣ ба парлумон таъкидшуда, гуфта шудааст, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон “дар фазои зери назорати сахт гузашт” ва “мухолифони воқеӣ аз ширкат дар он берун андохта шуданд”.
Созмон бо такя ба додаҳои Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз 80 мавриди озору азияти журналистон дар солҳои 2017-2019 хабар додааст. Гузориш аз як соли зиндони Далер Шарипов, журналисти мустақил, иттиҳом ба вебсайти Akhbor.com ба “хидмат ба созмонҳои террористӣ”, латукӯби журналисти “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатӣ, манъи сабтиноми журналисти ТВ “Настоящее время” Анушервон Орипов ва сабти ном накардани 8 журналисти Радиои Озодӣ барои кор ҳамчун мавридҳои дигари поймолшавии ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.
Ҳю Вилямсон, масъули бахши Осиёимарказигии HRW ба Радиои Озодӣ гуфтааст “соли 2020 барои Тоҷикистон як соли бади дигар буд. Моҳи март интихоботи порлумонӣ гузашт, ки ба қавли нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо “озоду одилона набуд”. Тоҷикистон дар эътироф кардани пандемия хеле дер кард ва бо ин кораш зиндагии одамони зиёдро таҳти хатар гузошт. COVID дар зиндонҳо ҳам паҳн шуд. Вазъ бисёр ташвишовар буд. Инчунин хушунати хонаводагӣ ҳам афзоиш ёфт. Посухи саволи шумо ин аст, ки соли гузашта вазъи ҳуқуқи инсон бадтар шуд”.
Ҳю Вилямсон, ҳамчунин бархе кору тамоюлҳоеро ёдовар шуда, ки дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дида шуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, “Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби муколамаи солонааш бо ҳукумати Тоҷикистон чандин масоили марбут ба ҳуқуқи башарро матраҳ кард. Як гурӯҳи кории муҳими СММ бо мақомоти тоҷик идомаи ба зиндон андохтани сиёсатмадорони мухолифро дар Тоҷикистон дар миён гузошт. Аз ин рӯ, мо аз шарикони байналмилалӣ тақозо мекунем, ки барои матраҳ шудани масоили ҳуқуқи инсон кори бештар кунанд ва ин мавзӯъро ба як ҷузъи муҳими ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон қарор диҳанд. Инчунин, тақозо мекунем, дар равобити худ нигарониҳо аз ҳуқуқи башарро бо масоили иқтисодӣ ва амниятӣ пайванд бидиҳанд”.
Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон арзёбиҳои HRW-ро “беасос” номидааст. Ӯ гуфтааст “агар аз нуқтаи назари мавқеи давлат ва фаъолиятҳои давлат гӯем, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст, ки бадтар не. Барои онки агар аз нуқтаи назари он гирем, ки дар Амрико, Белорус ва Қирғизистон чӣ мегузарад, дар Тоҷикистон вазъият аз ин нуқтаи назар, ки шаҳрвандон ҳеч хавфу хатаре надоштанд, дар амният зиндагӣ карданд, рушди иқтисодиёт ҳам пешрав буд. Аз нуқтаи назари динӣ ҳам фақат барои COVID-19 масҷидҳо баста шуданд, на ба ягон чизи дигар. Пас далелҳое ки созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯяд, беасос мешаванд”.
Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба ин мавзӯъ аммо назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд ин гуна гузоришҳо дигар таъсире ба режими Раҳмон надорад. “Барои дарки сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамин мисол кофист, ки на танҳо худи Human Rights Watch-ро ба кишвар роҳ намедиҳад, балки ҳамин мондааст, ки ин созмонро террористӣ эълон кунад” — таъкид мекунад ӯ.
Муовини раиси ПМТ мегӯяд “чӣ интизоре мешавад аз давлате дошт, ки асоситарин ҳуқуқи инсон — ҳақи интихобро комилан аз мардум гирифтааст ва камтарин ҳаракат барои соҳиб шудан ба ин ҳақро саркӯб мекунад? Диктатор на танҳо дар чеҳраи мухолифу мунаққид, балки дар ҳар инсони муваффақе хатар мебинад. Касе пулдор шуд, касе дар ҷомеъа обрӯе касб карду маъруф шуд, ҳатто оне ки бе иҷозаи ӯ грант гирифт барояш душман мешавад ва нобудаш месозад. Камтарин озодӣ дар дилхоҳ соҳа, чӣ иқтисоду чӣ маориф, чӣ иҷтимову чӣ фарҳанг барояш хатар аст ва бояд саркӯб кунад. Ҳатто фарзанди худаш барои як диктатор хатар маҳсуб мешавад”.
Шерзамонов ба ин назар аст, ки сол то сол ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон “ба ин гуна гузоришҳо бепарвотар мешавад ва онро ба як танга қадр намекунад”. Аммо то ҳол чӣ мардуму чӣ созмонҳо ба ин умеданд, ки шояд ӯ ислоҳ шавад. “Интизор жоштанд, ки баъди интихобот ва барои ҳафт соли дигар тасбит кардани курсиаш ӯ гайкаҳоро сусттар мекунад ва озодиҳои бештаре ба мардум медиҳад. Аммо ӯ сахттар кард. Чун дигар дар ҳеҷ арсае роҳи бозгашт надорад ва наметавонад ҳатто ҳамин гайкаҳоро сусттар намояд. Бояд ҳам созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҳам мардум билохира ба ин дарк бирасанд”.
Далели ин гуфтаҳои муовини раҳабари Паймони миллӣ ҳам метавонад ҳабси Бобои Дона бошад. Мӯйсафеди 87-сола танҳо ба ин хотир, ки ба хонаводаҳои зиндониён кӯмак мерасонд, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ва агар ҳарчӣ зудтар озод нагардад, бо гумони ғолиб аз зиндон ба дидори парвардигораш меравад.