Рубрики Хабарҳо

Андозбандии Google аз 16 январ шурӯъ мешавад

Тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон вобаста ба “андозбандии Google”, ки дар онҳо андозбандии хизматрасониҳои электронӣ пешбинӣ мешавад, аз 16 январ мавриди амал қарор мегирад. Ба корбарони ҳамёнҳои электронӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк” аллакай огоҳинома ирсол шудааст, ки пардохтҳоро барои реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳо то 15 январ мебояд анҷом дод.

Тибқи маълумоти Вазорати адлия, қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ” рӯзи 9 декабр аз ҷониби палатаи болоии парлумон маъқул дониста шуда, 17 декабри соли 2020 президенти ҷумҳурӣ онро ба имзо расонид.

Мутаносибан тағйироту иловаҳо аз 16 январи соли 2021 — як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Дар сомонаи Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар ин робита , ки ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.

Лекин ҳоло маълум нест, ки Google, Facebook ва дигар ширкатҳои бузурги машғул ба хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ин бора огоҳ карда шудаанд ва оё онҳо расмиёти бақайдгириро анҷом додаанд ё на.

Аммо “Алиф Бонк” муштариёни худро дар ин хусус аллакай огоҳ карда хабар додааст, ки аз 16 январ хизматрасониҳое чун пардохти маблағи шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳо дар робита ба тағйирот дар қонунгузории андоз дастнорас мешаванд. Агар шумо аз ин хизматрасониҳо истифода мекарда бошед, пас тавсия медиҳем, ки пардохтҳои заруриро то 15 январ анҷом диҳед”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *