11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ғурури шикастаи миллат

Дар боздоштгоҳи муваққатӣ, сипас дар зиндони рақами 4, маъруф ба “1-ум Советский” Муслим Кузови 45 сола шадидан шиканҷа шудааст, ки дар натиҷа қисми чапи бадани ӯ аз кор монда, фалаҷ шудааст. Ҳамчунин ӯ биноияшро ҳам тақрибан аз даст додааст.

Сабаби шиканҷаи ӯ қабул накардани додани изҳорот алайҳи бародараш Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ аст, ки дар хориҷ ба сар мебарад. Мақомот аз Муслим талаб доранд назди наворбардор алайҳи бародараш сӯҳбат ва фаъолияти сиёсии ӯро маҳкум кунад. Аммо ӯ розӣ намешавад. Сабаби асосии шиканҷаи шадид, ки як инсони озодаву ғаюрро ба остонаи марг бурдааст, ҳамин як изҳорот аст. 

Дар ҳамин зиндон Анорбой Сафаров, сокини ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфара ва аз аъзои собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз гуруснагӣ, беморӣ ва нарасидани дору ва шиканҷаи масъулини зиндон ранҷ мебарад. Тибқи маълумоти манобеъи Паём беш аз се моҳ аст, ки Анорбой Сафаров бемор аст, аммо масъулини зиндон ӯро на ба беморхона интиқол медиҳанд ва на доруву дармонаш мекунанд. 

Манбаъ мегӯяд дар ин муддат ба Сафаров ягон маротиба аз берун ҳам на хӯрок ва на дору ворид нашудааст. Ҳамчунин ӯ зуд-зуд аз тарафи зиндонбонҳо мавриди шиканҷаи ҷисмониву равонӣ қарор мегирад. Мутаассифона манбаъ натавонист сабаби ин шиканҷаҳоро ва ин ки зиндонбонҳо аз ӯ чӣ мехоҳанд муайян кунад.

Бори аввал нест, ки фаъолон, наздикони онҳо ва ҳатто ашхоси комилан бегуноҳ, ки бо иттиҳоми дурӯғин ба дасти қассобони пулис, амният ё зиндонҳо меафтанд ва дар натиҷаи шиканҷа маъюбу маслуқ ва ҳатто кушта мешаванд. Дар ин бора хабару мақола, таҳқиқоту таҳлилҳои зиёде нашр шудаанд созмнҳои зиёди байналмиллалӣ низ зуд*зуд баёния нашр мекунанд. Созмонҳои байналмилали маъруфе чун Созмони миллали муттаҳид, Амнисти интернейшнл, Хюман райс вотч, Кумитаи норвегии Хелсинки ва ғайра вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикисторо тасдиқ ва ба иқдомот алайҳи он даъват кардаанд. Аммо вазъ беҳбуд наёфта, баръакс бо суръат рӯ ба бадшавист.

Аммо мавзӯъи баҳси мо ин нест. Мо мехоҳем аз сабаб ва натиҷаи ин шиканҷаҳову кушторҳо сӯҳбат кунем. 

Чанд рӯз қабл дар як мизе бо тоторе вохӯрдем, ки дар Бекободи Ӯзбекистон таваллуд ва бузург шудаву сипас дар Тоҷикистон ҳам зиндагӣ кардааст. Чун донист, ки аз Тоҷикистонем ӯ суоле дод, ки ба ҳамин мавзӯъ бармегардад. Гуфт “тоҷикон аз ғаюртарин миллати шӯравӣ буданд. Ман ҳамеша аз онҳо ифтихор мекардам. Миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамеша назди ҳокимону мансабдорон дасти пеши бар “хуб ака” мегуфтанд, аммо тоҷикон ҳеҷ гоҳ назди мансабдоре тамаллуқ намезаданд ва “хуб ака” нисбати мансабдор дар луғати онҳо вуҷуд надошт. Ин ибораро онҳо танҳо ба нафарони аз худашон бузургсолтар бо нишони эҳтиром истифода мебурданд. Ба шумо чӣ шудааст, ки 30 сол аст як колхозчии диктотурро тоқат мекунад ва ҳоло ӯро ҳатто “пешвои миллат” хондаед?

Давоми 28 соли ҳукумати режими Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо ҷавонону мардони ғаюру баномуси ин миллат кушта шуданд, бо шиканҷа рӯҳан ҷисман маъюбу маслуқ гаштанд ва ё аз кишвар фирор кардаву дар ақсо нуқоти ҷаҳон парокандаанд. Ҳоло камтарин садои эътироз бо суръат ва шиддати тамом пахш ва барои ҳамеша хомӯш карда мешавад. Камтар афроде дар кишвар вуҷуд доранд, ки боре садои эътирозашон баланд шудаву ба мақомот кашида ва шиканҷаи ҷисмонӣ ё ҳади ақал равонӣ нашуда бошанд. 

Албатта ҳастанд нафароне, ки солҳост алайҳи бедодиҳо садо баланд мекунанд — гоҳе бо эҳтиёт ва гоҳе бидуни он — ва то ҳол зиндаву саломатанд. Аммо мутаасифона ин афрод ангуштшуморанд. Онҳо тавонистаанд марҳиллаҳои таъқибу шиканҷаро бо сари баланд убур кунанду ба сатҳе расанд, ки дигар шиканҷа ё қатли онҳо барои ҳукумат дарди сари бузург дуруст мекунад. Вале чун шуморашон хеле кам аст ба вазъи умумӣ таъсири чандоне расонида наметавонанд.

Ҳамеша дар Тоҷикистон ва байни тоҷикон афроде қобили эҳтирому ҷойгоҳ ва улгӯ барои тақлид буданд, ки ғуруру номусашонро ба ҳеҷ чизе иваз намекарданд. Ин боис мешуд ҷавонони миллат дар ҳамин рӯҳияи боғуруриву баномисӣ бузург шаванд, ба самти улгӯҳояшон ҳаракат кунанд ва сатҳи ғуруру номус дар миллат болотару болотар равад. Ин сабаб шуда буд, ки ҳеҷ тоҷике дар артиши шӯравӣ “чмо” набошад, ҳеҷ миллате ҷуръати таҳқири кӯчактарин тоҷикро накунад ва ғурури тоҷикӣ масал гардад. Ҳамин ғурури тоҷикӣ буд, ки сарҳанг Рустам Саидов, ки танҳо сардори пулиси як ноҳия буд, тавонист замини ғасбкардашуда аз ҷониби Ӯзбекистонро баргардонад, чанд ҷенероли ӯзбак ва мошинҳои ҷангиро асиру ғанимат гирад ва барои солҳо фикри чашм ало кардан ба замини тоҷиконро аз сари ҳамсояҳо берун андозад. Ҳамин ғурури тоҷикӣ буд, ки ҳаргиз қирғизе ҷуръат намекард ба самти тоҷике санг андозад, чӣ расад ба куштани тоҷику бо зӯр ғасб кардани заминаш.

Аммо улгӯҳои ин миллатро пас аз истиқлолият якто-якто шурӯъ ба куштан карданд. Дар аввал ҷои ҳар кушташударо нафари дигаре мегирифт ва холигоҳ эҳсос намешуд. Аммо кам-кам ин куштору шиканҷаву таъқиб ба ҳаде расид, ки холигоҳҳои эҷодшуда барои ҳамеша холӣ боқӣ монанд ва ғуруру номус ҷояшонро ба тамаллуқу тарс диҳанд. Ҳоло ургӯи ҷавонони миллат додситони золиму ришвахӯр, корманди андози дузду порахӯр, гумрукчии ғоратгару молимардумхӯр, додраси бевиҷдону қонуншикан шудааст. Волидони ин ҷавонон низ даҳҳову садҳо ҳазор доллар масраф мекунанд, то фарзандашон додситон, додрас, корманди андозу гумрук шаваду моли мардум дуздад, ба мардум зулм кунад ва муслимҳову анорбойҳоро дар зиндонҳо барои ҳама умр маъюбу маслуқ созаб ва ё бикушад. 

Шояд садҳо ҷавону навраси дарвозӣ орзу мекард, ки мисли Муслим боғурур, сарбаланд ва варзишкардаву таъсиргузор бошад. Муслим аз ҷавонони ғаюр ва баномусу боиззати Яғноб аст. Ҳамин ҳатто зери шиканҷаи шадид, ки саломатиашро ҳам гирифтааст, розӣ нашуданаш ба додани як изҳорот аз ғайрату шуҷоъати ӯ ҳикоя мекунад. Аммо ҳоло ӯ маъюбу маслуқ аст ва шояд ҳатто кушта шавад. Аз он садҳо ҷавоне, ки ӯро улгӯ қарор дода буданд, шояд як-ду нафарашон орзуи мисли ӯ бо сари баланд ва ҳифзи ғурур ба шаҳодат расиданро кунанд, аммо садҳои дигар аз дидани қисмати Муслиму муслимҳо самти улгӯияти худро тағйир медиҳанд.

Ҳамин тавр ғуруру номус ҷояшро ба тарсу ваҳшат ва хориву тамаллуқ медиҳад. Ҳамин тавр ин миллат ба миллати тарсу, Равшану Ҷамшуд, кӯчарӯбу ахлоткаш табдил мешавад.   Ҳамин аст, ки Рустам Саидов пайраве пайдо накард, то интиқоми ғурури шикастаи тоҷиконро аз телевизиони ТНТ ва Галустяну Магдяш биситонад.

Мақомот худашон ҳам медонанд, ки изҳороте, ки мехоҳанд аз муслим бигиранд ҳеҷ таъсире на ба Шоҳнаими Кариму мухолифин ва на ба мардум надоранд. Онҳо ин корро даҳҳо бор кардаанд ва таҷриба ҳам нишон додааст, ки беҳуда аст. Аммо дастбардор нестанд. Зоҳиран ин корро барои таскини дили худашон ё нишон додан ба мухолифин ки мо ҳади ақал дорем қасоси шуморо аз наздиконатон мегирем, анҷом медиҳанд. Ё ба дарандаҳои ваҳшие табдил шудаанд, ки ҳамеша чашми хунгирифтаашон хун мехоҳад.   

Онҳо ҳамаи шерони миллатро куштанд ва инак шағолони миллатҳои дигар ба ин миллати замоне боғуруру сарбаланд метозад ва хонаашро соҳиб мешавад. 

Дар садри ин миллат ва ҳоло дар аксари зинаҳои ҳокимияту мақомоти он нафароне қарор доранд, ки муқаддасоташон танҳо курсии мансаб ва пулу мол аст. Барои ба даст овардани он омодаанд аз ҳама муқаддасоти дигар — чӣ нъдину оин ва чӣ ғуруру шарафу номус бигзаранд. Чун худашон аз ин ҳама гузаштаанд, мехоҳанд миллат мисли онҳо беномусу бешараф бошад.

Мехоҳанд он шикастагие, ки аз тамаллуқ назди раҳбарону хоҷагони худ эҳсос мекунанд, аз шикастани афроди боғурури миллат ҷуброн кунанд. Ин аст, ки ҳар нафари боғурур ва боиззат барояшон хоин аст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *