Раҳбари мухолифони давлати Белорус барои нахустин бор дар табъидгоҳи худ конфронси матбуотӣ баргузор кард. Тихоновская бо баёни ин ки миллати Белорус Лукашенкоро ба унвони раисҷумҳур намепазирад гуфт, ки худи ӯ низ қасди ширкат дар интихоботи ҷадидро надорад.
Светлана Тихоновская имрӯз шанбе, 22 август нахустин конфронси матбуотии худро дар Литва баргузор кард. Раҳбари опозисиоюни Белорус зимни интиқод аз Александр Лукашенко, раисҷумҳури ин кишвар, таъкид кард, ки ҳамватанонаш ҳаргиз ҳозир ба созиш бо давлати феълӣ нахоҳанд шуд.
Хонум Тихоновскоя дар идома изҳор дошт, ки шаҳрвандони Белорус хоҳони тағйироти асосӣ дар низоми сиёсии худ ҳастанд ва натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии нӯҳуми августро ба расмият намешиносанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, миллат Белорус хушунатҳоеро, ки пас аз интихобот таҷриба карданд «ҳаргиз намебахшанд ва ҳаргиз фаромӯш намекунанд». Ин сиёсатмадори 38 сола бо баёни ин ки «белорусҳо бо тарс зиндагӣ мекунанд», аз мардум хост то бар тарси худ чира шаванд ва «гомҳои баъди»-ро бардоранд.
Тихоновская эълом кард, агар интихоботи ҷадид баргузор шавад, на худаш ва на ҳамсараш дар рақобатҳои интихоботӣ ширкат нахоҳанд кард.
Ин рақиби Лукашенко пештар гуфта буд, ки ҳозир аст, раёсати давлатро ба ӯҳда бигирад. Ў пас аз он ки ҳамсараш дар моҳ май дастгир шуд, омодагии худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии нӯҳуми август эълом кард.
Амрико муқассир аст
Александр Лукашенко худро «бо касби 80 дарсад оро» пирӯзи ин интихобот медонад. Ў 26 сол бар Беларус ҳукумат кардааст ва ба назар мерасад, ки қасди канорагирӣ надорад.
Пас аз эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот ҳазорон тан аз шаҳрвандони Белорус ба хиёбонҳо рафтанд ва алайҳи Лукошенко ба тазоҳурот пардохтанд. Коркунони шуморе аз созмонҳо ва расонаҳои давлатӣ ҳам даст ба эътисоб заданд.
Тихоновская низ ба Литва гурехт ва аз он ҷо барои муваффақият опозисиюн ва баргузории интихоботи ҷадид фаъолият мекунад.
Лукашенко мӯътақид аст, ки кишварҳои хориҷӣ ба вижа Иёлоти муттаҳидаи Амрико боиси бурузи эътирозот дар Беларус шудаанд ва мӯътаризонро «харидаанд». Ў ба кишварҳои аврупоӣ ҳам ба далелӣ «ҳимоят аз бозии Амрико» интиқод кард.