Имрӯз, 13 апрел, соати 14:00, қарор аст, дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи Далер Шарифов, журналисти тоҷикро шурӯъ ба баррасӣ кунанд.
Санаи 27 март Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тафтиши парвандаи Далерро анҷом дод ва додситонии кулли Тоҷикистон низ санаи 3 апрел парвандаро бо хулосаи айбдоркунӣ барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур фиристод.
Ёдовар мешавем, Далер Шарифов охири моҳи январ боздошт шуд ва бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятӣ ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ айбдор мешавад.
Бар асоси ин банди қонун ба длер шарипов то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба гуфти Додситонии кулли Тоҷикистон, ташхис дар ҳудуди 200 мақолаи тайи солҳои 2013-2019 чопкардаи Далер Шарифов ва дар китобчаи бо номи «Муҳаммад (с) ва терроризм» тарғиби ақидаҳои ифротӣ, аз ҷумла ақидаҳои Ихвон-ул-муслимин пайдо шудааст. Наздикони Далер Шарифов, худи ӯ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ин иттиҳомро беасос ва боз як намунаи дигари ҳамла ба озодии матбуот дар Тоҷикистон медонанд ва озодии ҳарчи зуди ӯро талаб доранд.
Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, Кумитаи амрикоии ҳимоят аз журналистон, Афви байналмилалӣ, Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва ҳамин тавр, намояндагони 8 созмони ғайридавлатӣ ва наздики 30 журналисти тоҷик дар як изҳороти муштарак озодии Далер Шарифовро талаб карданд.
Далер Шарипови 32-сола, ки қаблан дар ТВ «Сафина” кор мекарду чанд сол бо ҳафтаномаи мустақили «Озодагон” ҳамкорӣ дошт, рӯзи 28 январ аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ ӯро рӯзи 30 январ барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.