Рубрики Хабарҳо

Марги як табиб дар маркази саломатии №1-и Душанбе

Табиб-физиотерапевти 57-сола, ки бо “илтиҳоби шуш” дар маркази саломатии №1-и Душанбе бистарӣ шуда буд, реҳлат кардааст.

“Табиб Солиев Фаттоҳ Гаппаралиевич, соли таваллудаш 1963 даргузашт. Ба ӯ ташхиси илтиҳоби шуш дода шуда буд. Ӯро ба беморхона вақте вазъаш бад шуд, аз хонааш оварданд. Ҷанозаи ӯ имрӯз соати 15.00 баргузор шуд, вале ҷасадашро кормандони тиб гӯр карданд” — хабар медиҳад Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш. 

Ин хабарро табиби дигаре. ки дар ин маркази саломатӣ кор мекунад, низ тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ Солиев аз хешовандонаш дар яке аз мавзеӯъҳои карантинӣ дидан кардааст. 

“Ӯ дар дармонгоҳи мо кор намекард. Ӯ сардухтур ё масъули бахш дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ, ки дар шаҳраки тиббӣ қарор дорад, кор мекард. То ҳаде, ки ман медонам, ӯ бо хешовандонаш, ки дар карантин қарор доштанд, тамос доштааст” — гуфтааст табиб. 

Қаблан расонаҳо аз марги 4 нафар “аз илтиҳоби шуш” дар ин марказ рӯзи 22 апрел ва се нафари дигар 23 апрел хабар дода буданд. 

Тибқи эътирофи Вазорати тандурустӣ дар ин марказ 114 нафар бо ташхиси “илтиҳоби шуш” ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *