11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Толибон ҳайати 21 нафариро барои музокира бо давлати Афғонистон муаррифӣ кард

Сухангӯи гурӯҳи Толибон аз муаррифии як ҳайати 21-нафара барои музокира бо давлати Афғонистон хабар додааст. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо интишори матлабе дар ҳисоби расмии худ дар твиттер эълом кард, ки ин гурӯҳ як ҳайати музокиракунанда бо давлати Афғонистон ба раёсати Мавлави Абдулҳаким Ҳаққониро муаррифӣ кард. 

Вай ҳамчунин навишт: ҳайати музокиракунандаи Толибон муташаккил аз 21 узви раҳбарии ин гурӯҳ аст. Шермуҳаммад Аббоси Устонкизӣ ба унвони муовини ин ҳайат таъйин шудааст. 

Муҷоҳид афзуд, ки гурӯҳи Толибон Муҳаммаднаъим Вирдакро ба унвони сухангӯи ҷадиди дафтари сиёсии худ дар Қатар таъйин кардааст. 

Гуфтанист, пеш аз ин, Суҳайл Шоҳин сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар буд.

Достони шабушк

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *