Қутбиддин Бобоев, бародари раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ Абдусаттор Бобоев, ки ба хотири фаъолиятҳои бародараш ҳамеша таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор дошт, субҳи имрӯз пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.
Сабаби марги Қутбиддин Бобоеви 59-сола саратони меъда гуфта мешавад, аммо раиси “Кумитаи наҷот” ба ин назар аст, ки яке аз сабабаҳои аслии бемории бародараш фишори ҳамешагии мақомот будааст.
Ӯ нафари аввал нест, ки дар натиҷаи фишору таъқиби мақомот ба хотири фаъолияти наздиконашон ҷон медиҳанд.
Дар наворе, ки мақомоти амниятӣ сабт ва пахш кардаанд, бародарони дигари Қутбиддин Бобоев эътироф мекунанд, ки сабаби бемории ӯ маҳз фишори мақомот аст.
Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Паём гуфт ҳатто замоне, ки бародараш шадидан аз дард ранҷ мекашид, мақомот аз ӯ талаб мекарданд, ки алайҳи додраш сӯҳбат кунад.
Раҳбари “Кумитаи наҷот” аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Раҳмон аст. Кумитаи таҳти раҳбарии ӯ, ки дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст, барои озодии зиндониён ва гаравгонон дар дасти мақомоти қудратии Тоҷикистон мубориза мебарад.