Салом, Эмомалӣ Шарипович!
Боз ту ба интихобот меравӣ. Боз шарм надошта. Боз бе рақиб. Боз меравӣ, ки ба чашми мардуми тоҷик хок пошӣ. Шояд аллакай одат кардаӣ ба маҳбубияти дурӯғин, ба таърифҳои бепоя. Ва ё шояд дилгир ҳам шудаӣ аз ин ҳама дурӯғ. Шояд мехонӣ ҳама танқиду дуъоҳои бадеро, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сарат ҳар рӯз чун борон мерезанд. Шояд дигар метарсӣ боре ҳам дар оина ба чашмони худ нигарӣ. Монда ҳам шудагистӣ аз ин ҳама хартозиҳо.
Вале боз ба интихобот меравӣ. Медонӣ, Эмомалӣ, имрӯзҳо дар назарам ба мисли ҳамон шоҳи урёне менамоӣ, ки худаш дидаву дониста бар дурӯғи худаш бовар кардан мехоҳад. Нависандаи даниягӣ Ҳанс Кристиан Андерсен ҳоло дар асри 19 дар яке аз афсонаҳои машҳураш барои кӯдакон, ки аз ривоятҳои қадимаи асри 14 сарчашма мегирад, ҳолати чун ту шоҳи аблаҳеро то барои кӯдакони даниягӣ дарс шаваду чунин аҳмақиеро дар зиндагӣ такрор накунанд. Вале, ту аз афташ ба мисли қудоят Бег Зуҳур аз кӯдакиат китобхониро хуш надорӣ. Ҳарчанд аз номат китобҳои бисёр навишта бошанд ҳам.
Аз ин рӯ, такрор ҳам шавад, маҷбурам бароят онро аз нав нақл кунам: “Ду қаллоби гузаро назди шоҳи як сарзамин омада, мегӯянд “бароят аз матоъи тунуки қиматбаҳо куртае хоҳем дӯхт, ки ба чашми аблаҳон наменамояд”. Шоҳ, ки худро донову мардумро аблаҳ мепиндошт, розӣ шуда, бо пули қимат ин “курта”-ро фармоиш дод. Ҳама дарбориёнаш ҳарчанд кӯшиданд, ин куртаро ба чашми сарашон дида натавонистанд. Вале аз тарси он ки шоҳ аблаҳашон напиндорад,таъриф кардаву мегуфтанд, ки куртаи олиҷанобест. Ҳамин тавр, ҳангоми яке аз ҷашнҳо шоҳ “курта”-и навашро пӯшидаву назди мардум мебарояд то ин ки бори дигар бартариашро аз ин халқи “аблаҳ” нишон диҳад. Мардум аз тарси он ки яке ҷазояшон надиҳанд, хомӯшона шоҳи урёнро назора мекунанд. Дар ҳамин асно писарбачае аз байни издиҳом хитоб мекунад “Шоҳ ку луч аст!”. Ва мардум аз нидои писарбача шердил шуда, ба масхараи шоҳ мепардозанд. Шоҳи шарманда бошад барои рӯпуш кардани аблаҳияш, гӯё ки чизе нашуда бошад, бовиқорона қадамзаниашро давом медиҳад”.
Ту ҳам имрӯз мисли ҳамон шоҳи асри 14 рафтор мекунӣ. Гӯё, ки халқи Тоҷикистон кӯранду намебинанд туву дарбориёнат дар ҳаққи ин мардум чи хиёнатҳое карда истодаед. Дигар телевизионҳоят ва ҳама аппарати тарғиботиат ба мисли ҳамон куртаи ба назар “ноаён”-и шоҳ аз афсонаи Ҳанс Кристиан Андерсен аст, ки ҳеҷ куҷои бадани пиратро намепӯшонад. Айнан ба мисли ҳамон афсона! Фақат бояд писараке пайдо шавад то пеши мардум урёнии шоҳро бо овози баланд эълон намояд.
Ист! Аз афташ чунин писарак, ё аниқтараш ҷавони шердил пайдо шудааст. Фаромуз Иргашев! Ҳамон ҷавоне, ки аз Тоҷикистон аст, маълумоти олӣ дорад, забони тоҷикиро ба хубӣ (аз ту хеле беҳтар!) балад аст, 10 соли охир бетанаффус дар кишвар истиқомат кардааст ва синну солаш ҳам мувофиқи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номзадиашро ба мансаби президентӣ пешҳниҳод кардан мувофиқ аст. Айнан чи тавре ту ҳамеша эълон мекунӣ, Фаромӯз ҳам мехоҳад пеши роҳи ришвахӯриро дар мамлакат гирад. Фарқ дар он аст, ки ту танҳо ваъда медиҳиву пинҳонӣ порахӯриатро давом дода истодаӣ, ӯ бошад дар амал ин корро карданист. Миёни мардум . Ва метавонад ба осонӣ имзоҳои бешумори гуфтаатро дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъоварӣ намояд. Аниқтараш, мардум худашон имзоҳояшонро ҷамъ намуда, барояш дар шакли электронӣ дастрас мекунанд. Ягона камбудиаш ҳамин аст, ки писари ту нест, ки даҳдаста дастгириаш кунӣ! Намояндаи ягон ҳизби сиёсӣ ҳам нест, ки Прокуратураи Генералиат ва Суди Олият саросемавор ва шояд бо санаи рӯзи аз пеш терористаш эълон намояд ва номашро ба рӯйхати сиёҳи Бонки Миллӣ ворид созад.
Оҳ, агар Рустами Эмомалӣ чун Фаромӯз Иргашев тарафдор медошт! Шояд ту аллакай аз даҳонат кафк парронда, фиръавнаш эълон мекардӣ. Ва шояд Маҷлиси Олии Тоҷикистон оҷилан “Қонуни писари пешвои миллат”-ро ҳам мебаровард. Вале, на ту ва на ягон узви оилаат аз чунин дастгирии мардум бархурдор нестед! Зеро пеши мардум бадномед ва бӯи домони палидгаштаатонро дигар ягон чодар ва ё ниқоби тиббие аз бинии мардуми тоҷик пинҳон дошта наметавонад. Агар номзадеро ба президентӣ чун Зайд Саид ба солиёни мадид пушти панҷара шинондаӣ, агар номзадеро чун Муҳиддин Кабирӣ террорист эълон кардаи, агар номзадеро чун Раҳматилло Зоиров иҷозаи нафас кашиданаш намедиҳӣ, агар кислороди номзадеро чун Маҳмасаид Убайдуллоев маҳкам кардаӣ, агар мунаққиди сиёсататро чун Барзу Абдураззоқов ба хориҷа “бадарға” кардаӣ, парво накун, боз ҳам пайдо мешаванд номзадҳое чун Фаромуз Иргашев.
Чаро Фаромӯзро иҷозаташ намедиҳӣ, ки аққалан номзадиашро ба мансаби президентӣ ба қайд гирад? Охир Рустами пешпуртакат чанд муддат пеш эълон карда буд, ки интихоботи озоду одилонаро гарантия медиҳад-ку? Ё танҳо барои худаш ваъда карда буд? Ё танҳо Рустам аст ҷавони арзанда барои ин мансаб? Ё қонунро танҳо ба хотири ба сари тахт овардани ӯ тағъир дода будӣ? Агар ба ин саволҳо ҷавоб надиҳӣ ҳам, агар баҳонаҳои зиёд пеш орӣ ҳам, дигар ҳамааш ба монанди ҳамон “курта”-и шоҳонаат аст, ки на танҳо бадани ноҳамворатро балки ниятҳои нопокатро ҳам пеши чашми мардум намепӯшонад.
Мон, ки аққалан як Фаромӯзи воқеӣ дар баробари якчанд номзадҳои дурӯғинат, ки Додоҷони Атовулло “” унвонашон кардааст, номашро ба қайд гирад. Агар ба ман мешуд, ҳатто арӯсакони барои як шаб ҳам намегуфтамашон. Ин номзадҳои қалбакиат ҳамон зинаҳои фарсудаи поринаанд, ки болояшон қадам гузошта рӯи тахт баромадан мехоҳӣ. Инҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки нисбати худ заррае эҳтиром надоранд. Дар ҳолате, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳолашон механданд ва масхараи даҳони халқ гардидаанд. Ҷавоби ном хонандаи Радиои Озодӣ барои имзоҷамъкунии ин “номзад”-ҳо худаш гувоҳи баҳои мардум ба фейкҳои сиёсиат ҳаст, ки менависад: “Дар як моҳ нуҳ миллион имзо ҷамъ кунанд ҳам Президент Эмомалӣ 85% (овоз) мегирад” . Хуб, боз ба мисли ҳамон “курта”-и сеҳрноки шоҳи бефаҳми асри 14, ки ягон айбатро намепӯшонад. Охир, дар ин 28 соли ҳукмронии бетанаффусат он қадар дурӯғ гуфтаӣ, ки дурӯғҳои медонистагият ҳам тамом шудаанд.
Барои он ки мазҳакаи интихоботиат дар назари мардум каме рост намояд, Фаромӯзро ҳам ба қайд бигир. Ва бо ин бачаи 30-сола, ки вақти ба сари қудрат омадани ту ҳамагӣ дусола буд, баҳси озоди телевизионӣ ташкил намо. Ту бо 28 соли таҷрибаи роҳбариат дар сатҳи миллӣ ва ӯ бо ҳамагӣ чанд солаки таҷрибаи вакилиаш дар сатҳи як вилоят. То ин ки интихобот барои мардум каме аҷиб намояд. Вале, бовар дорам ту аз ин метарсӣ. Зеро ба пуррагӣ медонӣ, ки мардум нидои ростини Фаромӯзро ба мисли ҳамон писараки ростгӯ аз афсонаи даниягӣ бовар кардаву баромадҳои дурӯғини туро ҳеҷ бовар нахоҳанд кард. Ҳама ҳароси ту аз Фаромӯз дар сари ана ҳамин аст.
Вале ту боз ҳам пуррӯёна ба интихобот меравӣ. Ба интихоботе, ки дигар мардум як “маъракаи беҳуда пулсарфкунӣ” ва “дилбазан”-аш меноманд. Ба интихоботе, ки ба ҳама мардуми Тоҷикистон, ба ғайр аз оилаи ту, фоидае намеорад. Ба интихобте, ки ҳама орзуву омоли шаҳрвандони Тоҷикистонро дар дилашон мекушад. Ба интихоботе, ки пас аз баргузориаш дар зиндагии мардуми тоҷик ягон беҳбудие нахоҳад рӯй дод. Ба интихоботе, ки боз туро ба сари қудрат меорад. Яъне, ба “интихобот”-и худат меравӣ.
Ту он роҳбари бадноми тоҷик ҳасти, ки дар айни авҷи ҷанги шаҳрвандӣ тавассути яроқи Ӯзбекистону Россия ба сари қудрат омада, дар тӯли 28 соли президентиат:
Дараҷаи некӯаҳволи мардумро ҳеҷ боло набурдӣ;
Шумораи муҳоҷирони тоҷикро ба 2 миллион расонидӣ. Тоҷиконро дар Русия ба аз беҳуқуқтарин хориҷиён табдил додӣ;
Хеле аз озодандешон ва кадрҳои баландихтисосро фишор овардаву ба хориҷа гуреза кардӣ;
Аҳволи маориф ва тандурустиро дар кишвар хеле хароб кардӣ;
Демократияро дар Тоҷикистон комилан буғӣ кардӣ. Аҳзоби мухолифро пароканда кардӣ;
Ҳатто дар сахттарин рӯзашон (давраи пандемия) мардуми тоҷикро чи дар кишвар ва чи дар хориҷа ҳифз накардӣ. Баръакс, билетҳои самолетро барои тоҷикони зӯромада тариқи сафоратхонаҳоят ва ширкатҳои оилавиат бо нархи дукарата фурӯхтӣ ва ҳоло ҳам мардуми аз туву сафратҳоят фиребхӯрда дар аэропортҳо дар шароити ғайриинсонӣ хобанд;
Ҳамарӯза мурдаҳои мардуматро зери коди “илтиҳоби шуш” списат мекунӣ;
Мехоҳӣ ҳукмрониро дар Тоҷикистон меросӣ гардонӣ ва сулолаи подшоҳии Раҳмонро болои сари мардум зӯран бор кунӣ;
5% замини Тоҷикистонро гоҳ пинҳониву гоҳ рӯирост ба Хитой фурӯхти ва боз 45%-и дигараш дар навбати фурӯш аст;
Аз Хитой қарз гирифта, ба хешонат додӣ ва имрӯз истиқлолияти Тоҷикистон ва тамомияти ҳудудии онро ҷиддан зери суол монондаӣ.
Аз буданат ва “интихоб” шуданат дида, набуданат ва ба истеъфо рафтанат сад бор беҳтар аст. То ин ки роҳбарони нав аз ҷониби халқи Тоҷикистон интихобгардида ба нерӯи ақлонии мардуми худ такя намуда, кадрҳои арзандаи Тоҷикистонро дар атрофи худ муттаҳид созанд ва кишварро аз ин бӯҳрони хатарнок берун оранд.
Бо камоли эҳтиром
Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат