Рубрики Хабарҳо

Ҳизбулло Шоҳвализода бо эҳтимоли зиёд истирдод шуд

Фаъоли сиёсӣ Ҳизбулло Шоҳвализода, ки ду рӯз қабл фаъолони тоҷики муқими Аврупо барои пешгирӣ аз истирдодаш тазоҳурот карда буданд, бо эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар он тазоҳурот ширкат дошт ба Паём навори парвози ҳафопаймоеро фиристод, ки гуфта мешавад бо эҳтимоли зиёд Ҳизбуллоҳ дохили он аст.

Ба суоли Паём, ки оё Ҳизбуллоҳ дақиқан истирдод шудааст ва дохили ин ҳавопаймо аст, Файзраҳмонов посух дод, ки “дақиқан намедонем, вале ҳар гуна талаб барои манъи истирдоди у рад шуда буд”. 

Рӯзи 2 март ҷамъе аз фаъолони тоҷик дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш, таҷаммӯъи эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо аз мақомоти Утриш дархост намуданд, ба ҳеч ваҷҳ Ҳизбулло Шоҳвализода, як паноҳандаи тоҷик дар ин кишварро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.

Дар баёнияе, ки дар поёни ин таҷаммӯъи эътирозӣ қироат шуд, омадааст: “Мо имрӯз гирдиҳам омадем, то ба самъи мақомоти мӯҳтарами Утриш бирасонем, ки Ҳизбулло Шоҳвализодаро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Зеро медонем, дар сурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, ӯро чӣ интизор аст. Медонем, ки истирдоди Шоҳвалиев ба марги ӯ анҷом хоҳад ёфт.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *