Зани 30 сола чаҳор фарзандашро ба қатл расонд. Аммаву амак ба номуси ҷияни чаҳорсолаашон таҷовуз карданд. Марде ба номуси духтараш таҷовуз кард. Зане худро ҳамроҳ ба фарзандонаш ба дарё андохт…
Ин охирин хабарҳо аз қатлу таҷовузу худкишиҳост, ки дар чанд рӯзи охир дар расонаҳо нашр шуданд. Суръати афзоиши ин гуна ҳаводис ҳам даҳшатовар аст. Агар даҳ сол қабл дар чанд моҳ як чунин хабаре мешунидем, 4-5 сол қабл ба 1-2 хабар дар моҳ расиду соли гузашта ба хабаре дар ҳафта. Ҳоло рӯзе нест, ки дар расонаҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин монанд хабарҳо расонаӣ нашаванд. Ба Тоҷикистон чӣ шудааст?
Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи қатли 4 фарзанд аз тарафи модар дар ноҳияи Кӯшониён, ки имрӯз нашр шудааст, менависад: «Рӯзи 9-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:00, зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 9, 8, 6 ва 1-солаи худро, пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.»
Қатли фарзанд бо дасти модар! Ҳодисае, ки дар зиндагии башар бо нудрат дида мешавад, аммо инҷо сухан аз 4 фарзанд (!) меравад. 4 кӯдак! Ҷинояте, ки назираш дар таърихи башарият кам дида, ё шояд аслан дида наудааст. Як модар бояд то кадом сатҳи афсурдагӣ бирасад, ки қодир чунин даррандагӣ шавад? Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи наздикону ҳамсоягони зан, ӯ ҳеҷ бемории равоние надоштааст.
Чанд рӯз қабл муроҷиати як пирамард аз ноҳияи Турсунзода нашр шуд, ки мегуфт набераи чаҳорсолаашро амаку аммааш таҷовуз кардаанд. Таҷовуз ба номуси кӯдаки чаҳорсола агар даҳшат аст, вақте ин корро амак ва аммаи ӯ анҷом медиҳанд, инро чӣ мешавад номид?
Даҳшати бузургтар аз ин таҷовузҳо ин аст, мақомоти тафтишотиву интизомӣ ва додгоҳӣ бо гирифтани ришва мекӯшанд ҷинояткоронро аз ҷавобгарӣ озод кунанд. Ин пирамарди ҷигарсӯхта, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ шудааст, мегӯяд беш аз як моҳ аст, ки ба тамоми ниҳодҳо муроҷиат кардааст, аммо касе ба доди хонаводаи қашшоқи ӯ намерасад. Хонаводаи таҷовузгарон хонаашонро фурӯхта мақомотро харидаанд ва ҷинояткорон дар озодӣ қарор доранд.
Ба ҳамин монанд ҳодиса чанде қабл дар ноҳияи Ҳисор ҳам рух дод, ки мақомоти додситониву пулиси ин минтақа то охирин лаҳза аз ҷинояткор ҳимоя карданд ва ҳатто ба волидони ҷабрдида таҳдид намуданд. Танҳо роҳ ёфтани ин фасодкории мақомот ба расонаҳо гоҳе ҳақро ба ҳақдор мерасонад, аммо баъзан ҳатто сару сдаоҳо дар матбуоту шабакаҳо низ наметавонад пинаки мансабдорони ришвахорро вайрон кунад. Агар пирамарди регарӣ низ ба мардум тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиъат намекард, дар гумон аст, ки рӯзе маҳкумияти таҷовузгарони ҷигарбандашро медид.
Ҳоло садои ӯ тавассути шабакаҳову расонаҳо то Маҷлиси Миллӣ расидаву имрӯз дар он баррасӣ шудааст.
Аммо ин ҳама бало аз куҷо ба сари мардуми тоҷик омад, сабаби рӯ ба ваҳшоният овардани қишре аз мардум чисту аз куҷо маншаъ мегирад?
Зафари Суфӣ, шоир ва коршиноси тоҷик мегӯяд “се омили аслӣ, яъне иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ дар чунин хаводис калидй хастанд. Албатта хар ҳодисаро бояд ба таври ҷудогона решаёбӣ кард, ки шояд дар ҳар кадом аз чунин ҳодисаҳои нохуш яке аз ин се омил асосӣ бошад”.
Сабаби иқтисодиро ӯ дар болотарин нархи махсулоти ниёзхои аввалия бо поинтарин маош байни кишварҳои минтақа мебинад.
Ва мегӯяд ин корҳо як навъ эътирози пинҳони мардум ба зулм аст: “Бархӯрди комилан таҳқиромез аз сӯи мақомот ва кормандони ниҳодҳои мухталифи хукумат бо мардум фишори иҷтимоъӣ ва равониро ҳамарӯза дорад бештар мекунад. Инсон барои онҳо ҳеҷ арзише надорад, аммо ин ба он маьнӣ нест, ки одамҳо агар ошкоро эътироз накунанд, роҳҳои пинҳони эътирозро ҳам сарфи назар мекунанд. Вақте роҳҳои эътироз ба нобаробарй, ба беадолатй, ба таҳқир ва тавҳин, ба фишору тӯҳмат баста аст, пас, равони инсон худ ба худ вв ҳатто шояд дар ҳадди ғариза ҳам бошад, дунболи ҷустани роҳҳо барои ошкор кардани ин эътироз мешавад».
Равоншинос Бобоҷон Қаюмзод мегӯяд «худкушӣ аслан натиҷаи бемории афсурдагист ва асоси афсурдагӣ ҳам ноумедӣ. Яъне яке аз иллатҳои аслии бемории афсурдагӣ ғаму андӯҳ ва ноумедист. Ноумедӣ ҳам дар инсон оҳиста оҳиста шакл мегирад. Бар асари нокомиҳо ва фишорҳои зиёд инсон афсурда мешавад. Дар як инсони афсурда заминаҳои худкушӣ комилан фароҳам аст. Бо ворид шудани фишори равонии зиёдтар шахси афсурда даст ба худкушӣ мезанад.
Мутаассифона дар заминаи афсурдагӣ ва фишорҳои равонии рузмарраи занони тоҷик ягон таҳқиқи илмии ҷиддӣ сурат нагирифтааст, то битавонад омилҳо ва решаҳои афсурдагиву худкуширо мушаххас намояд. Аммо ба таври майдонӣ ё зоҳирӣ мо агар фишорҳои равонии як зани тоҷикро дар назар бигирем ба осонӣ метавонем умқи ин масаларо дарк кунем.
Як зани тоҷик замоне, ки духтари навҷавонест бо чанд чолиш рӯбарӯст. Аввал рафтан ба мактаб. Дар мактаб нигарони шаъну шарафи худаш ҳаст то касе таҳқиру тавҳинаш накунад. Дар ҷомеаи мардсолори мо духтарҳо дар мактабҳо воқеан мазлуманд. Бо онҳо ҳамчун инсони дараҷаи дуюм муносибат мекунанд.
Аз тарафи дигар агар духтар диндор бошад масъалаи русарӣ ва ҳиҷобаш ҳам барояш як фишори равонии бузурги дигар аст. Зеро ҳар лаҳза ҳар касе аз ҳар куҷое агар ба мактаб омад ба худаш ҳақ медиҳад ки ӯро ба хотири сатраш таҳқир кунад. Ин ҳама фишорҳо барои як духтаре, ки фишорҳои даврони булуғро ҳам дорад кам нестанд.
Ба илова дар ҷомеаи мо ҳатман падар ё бародари чунин духтарон дар Русия қарор доранд ва ҳар лаҳза нигарони ҷои кор ёфтан ё ба ба дасти калсарҳои рус наафтодани ӯ низ ҳаст. Вақте ин духтар бузург мешавад нигаронӣ аз шавҳар кардан ҳам ба ӯ меафзояд. Маъмулан хонаи шавҳар ва канори шавҳар барои як зан оромбахшу таскиндиҳанда бояд бошад. Аммо дар ҷомеаи мо ин духтар ба хонаи шавҳар рафта бо хушдоману хусур ва бародарону хоҳарони шавҳар ҳам сару кор дорад. Ин худаш як фишори дигар аст. Аз тарафи дигар ҳамагӣ баъди чанд моҳи туй шавҳараш ба Русия меравад. Ҳоло ӯ мемонаду падару модар ва хоҳару бародарони шавҳар. Бояд ҳамаи онҳоро розӣ нигаҳ дорад. Ин ҳам яке аз бузургтарин фишорҳои равонӣ аст. Аз тарафи дигар нигарони он аст ки шавҳараш онҷо бо духтари русе издивоҷ накунаду ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо нагузорад».
Темур Варқӣ, шоир ва рӯзноманигор аммо мегӯяд “худкушӣ оқибати пирамидаи зулмаст. Фазои Тоҷикистон фазои зулм, фазои бе ҳаво, бе умед аст. Мардум аз ноумедӣ худро мекушад”.
Ӯ ба ин назар аст, ки зулм ба занон, бахусус занҳои серфарзанд ва бешавҳар сатҳи охирони зулмаст. “Яъне Раҳмон Ватанро таҷовуз кард, чун қурбонии асосии сиёсати ӯ — Модари тоҷик аст”.
Имрӯз, тибқи гузориши харӯбаргузории “Ховар”, дар Маҷлиси Миллӣ, “пас аз гузориши роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рустами Эмомалӣ ба онҳо, аз ҷумла ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд”.
Албатта ингуна супоришҳо метавонанд иҷро шаванд, метавонанд фаромӯш гарданд, бахусус супориши “таҳлил”-и моддаҳои як қонун ба Додситонии кулл.
Вале чӣ бояд кард?
Зафари Сӯфӣ мегӯяд “саломатии ҷомеъаро бояд таъмин кард. Фақат дар як ҷомеъаи бемор қобили тасавур аст, ки ба ин ҳад шумори худкушӣ зиёд бошад ва он ҳам худкушие ба ин даҳшат, ки модар даст ба куштори фарзанд занад. Бояд барои мардум заминаи зиндагии инсонворро фароҳам сохт. Бояд ҷойҳои корӣ эҷод кард. Бояд муҳоҷирати кориро ба ҳадди ақал расонд, то ҳамсарҳо бо ҳам бошанд, фарзандҳо аз падар ва гоҳе ҳам аз модар ҷудо набошанд”.
Аммо мутмаъин аст, ки “мутаассифона ҳукумати кишвар ё тавони анҷоми инҳоро надорад ва ё комилан хилофи он чӣ бояд анҷом диҳад амал мекунад. Бо ин ҳисоб то замоне як ҳукумати худкома ва саркӯбгар дар кишвар сари қудрат бошад, мушкилоти зуҳури эътироз ва норизоӣ дар шакли худкушӣ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд”.
Дар ҳамин ҳол вокуниши мардум ҳам ба ин намуд хабарҳо бо суръат рӯ ба тағйир аст. Соли 1991 таҷовузи падар ба номуси духтаронаш, садҳо нафарро ба хиёбон бароварду буд, даҳ сол қабл мардум аз чунин хабар ба даҳшат меомад, аммо ҳоло ба он чун як хабари оддӣ назар мекунад. Тоҷикистон ба куҷо меравад?