Рубрики Хабарҳо

Боздоти беш аз 20 нозири барқ барои дуздӣ

РВКД Душанбе хабар дод, ки кормандони милисаи пойтахти Тоҷикистон ду корманди Хадамоти алоқа ва беш аз 20 нозири барқро бо иттиҳоми дуздии пули нирӯи барқ тавассути барномаҳои компютерии ҳакерӣ дастгир кардаанд.

Дар гузориши вижаи видеоии 15-дақиқагӣ, ки маркази матбуоти РВКД Душанбе шоми 12 сентябр нашр кард, гуфта мешавад, ки кафшергари барқии Хадамоти алоқа Маҳмадӣ Азизов, с.т. 1964, моҳи декабри соли 2017 дар хонааш дар компютер барномаи махсуси ҳакерӣ насб карда, тавассути он нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои нирӯи барқи сокинонро кам мекард.

Кафшергари дигари барқ Собиров Тоҷиддин, с.т. 1978, низ аз ҷониби Азизов ба ин нақшаи қаллобӣ ҳамчун миёнарав ҷалб шуда, нозирони барқро ба ҳамроҳ шудан ба ин кор ташвиқ мекард. Нозирон муштариёнро бо ваъдаи кам кардани пули нирӯи барқашон ба ин нақша ҳамроҳ мекарданд. Дар натиҷа, ҳакерҳо нишондоди ҳисобкунакҳои барқии сокинонро тавассути барномаи ҳакерӣ дар компютер кам карда, пулашро байни худ тақсим мекардаанд. РВКД Душанбе гуфт, дар чорчӯби ин парванда беш аз 20 нозири шабакаҳои барқ дар пойтахт дастгир шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *