Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон аз маъракаи интихоботӣ канор зада шуд. Ӯ дигар наметавонад барои курсии раёсатҷумҳурӣ бо рақибони сарсахте чун Латифзода, Ғаффорзода, Раҳматзода ва Абдуллоев вориди рақобат шавад. “Рақобати шадид”-и интихоботӣ акнун байни ҳамагӣ 5 ҳизб ҷараён хоҳад гирифт.
Усмонзода, бинобар ҳамеша дастрас буданаш ба матбуот ва гоҳе интиқодҳояш аз мансабдорон, байни 5 рақиби Эмомалӣ Раҳмон шинохтатарин маҳсуб мешуд. Вале Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) номзадии ӯро ба қайд нагирифт ва аз паи номзади худпешбар Фаромӯз Иргашев аз пойгаи интихоботӣ канор афтод.
КМИР эълон кард, ки сабаби сабти ном накардани довталаб аз Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода “мутобиқ ба қонун набудани санадҳои ҳизб” будааст. Дақиқан “бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии … (интихоботи президент) ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо”. Дар ду банде, ки комиссиюн ба онҳо такя карда, омадааст, “Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.” Пас сабаби рад шудани номзадии Усмонзода нарасидани шумори имзоҳои ҷамъовардашуда барояш будааст. Аммо худи номзад даъво дорад, ки 285 ҳазор имзо ҷамъ оварда, мутобиқи талабот ва қонун санадҳоро дастраси Комисиюни марказии интихобот кардааст.
Ин ки ҳеҷ як аз ҳизбҳои номзадҳояшон ба интихобот роҳёфта худашон на имзое ҷамъ кардаанд ва на камтарин талоше дар кампини пешазинтихоботӣ анҷом медиҳанд, мусаллам аст. Садҳо далел аллакай расонаӣ шудаанд, ки ҳамаи имзоҳоро барои ҳамаи ҳизбҳо мақомоти маҳаллӣ бо ҷалбӣ омӯзгорону дигар “фаъолон” ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо ҳеҷ як ин ҳизбҳо на танҳо ҳеҷ далеле аз фаъолияти интихоботиашон нашр накардаанд, балки барои рад кардани ин сарусадоҳо ҳам худро ташвиш намедиҳанд. Яъне амалан тасдиқ мекунанд, ки интихоботи Тоҷикистон як сазнасозии арзону бемӯҳтавост ва онҳо супориш гирифтаанд номзадиашонро ба қайд монанд.
Аммо чаро маҳз Усмонзода, ки бештар аз 4 “рақиб”-и дигари Эмомалӣ Раҳмон ба интихобот рангу бӯ медод, ба он роҳ дода нашуд? Агар тасмим бар ин шуда, ки номзад аз 5 нафар бештар набошад, чаро номзадии Раҳматзода ё Латифзода, ки ҳатто байни рӯзноманигорон камтар касе мешиносадашон, лағв нагардид. Ё яке аз ду мӯйсафед, ки яке 70 солаву дигаре 74 сола аст?
Ба андешаи мо ҳазфи номи раиси Ҳизби демократ аз рӯйхати номзадҳо ду сабаб дорад. Ҳарчанд ин сабабҳо ҳам ба ҳам иртибот доранд ва мешавад чун як сабаби асосӣ номид.
“Рақобат”-и интихоботӣ дар Тоҷикистон ба мусобиқаи варзишие шабоҳат дорад, ки ҳам ширкаткунандагон ва ҳам доваронро як нафар интихоб мекунад. Ва ин нафар худаш ҳам дар мусобиқа ширкат мекунад. Ва бинобар ҳамин имкониятҳои бадастгирифтааш ҳамеша дар мусобиқот пирӯз ва қаҳрамон аст. Аммо ин “қаҳрамони ҳамешагӣ” бисёр тарсу ва эҳтиёткор асту ҳеҷ рақиберо, ки имкони бештар аз 1%-и пирӯзиро дорад, ба мусобиқа роҳ намедиҳад. Худаш рақибонашро аз байни онҳое, ки варзишро ҳатто дар хобашон надидаанд интихоб мекунаду ба майдон меорад ва маҷбур мекунад бо ӯ рақобат кунанд.
Гузашта аз ин, бо вуҷуди ин ки медонад ҳеҷ рақибаш варзишкор несту камтарин шонси пирӯзӣ бар ӯро надорад, доваронро ҳам харидааст ва онҳо пешакӣ медонанд, ки “қаҳрамони ҳамешагӣ” бояд чӣ қадар хол ба даст орад. Агар тамошобине ҷуръат кард бигӯяд, ки рақобат холисона нест, бо истифода аз тамоми роҳҳо садои ӯро ҳам хомӯш месозад.
Саидҷаъфар Усмонзода каму беш маҳбубияте байни мардум дорад ва дар сурати дастгирӣ ёфтану истифода шуданаш аз ҷониби қувваҳои норозии дохилиҳукуматӣ имкони танг кардани саҳна ба Раҳмону барангехтани шӯреро пайдо мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ӯ як бор аллакай нишон дод, ки чунин имкон баъид нест.
Замони авҷи шуйӯъи вируси коруно дар Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кадом паноҳгоҳи пинҳон шуда буду маълум набуд идораи амалии кишвар дар дасти кист, Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳоди аҷибе кард. Ӯ гуфт бояд раҳбарии ситоди мубориза бо коруно дар дасти нафари сахтгиру таъсиргузоре дода шавад ва чунин номзад танҳо Саймумин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ метавонад бошад. Коршиносон дарҳол тахмин заданд Ятимов мехоҳад бо истифода аз шароити бӯҳронӣ ва беҷуръатии раисҷумҳур идораи кишварро ба дӯш гирад. Чун он замон расидан ба раёсати Ситоди мубориза ба коруно ба ӯ имкониятҳои бемаҳдуде барои манёвр медод ва ташкили як кудато кори саҳле мебуд.
Албатта ҳамагӣ ду рӯз пас Усмонзода ҳарфашро пас гирифт, узрхоҳӣ намуд ва гуфт, ки ӯро нодуруст дарк кардаанд. Аммо маълум шуд ӯ “одами кист”. Бархе коршиносон ба ин назар буданд, ки ин иштибоҳи сиёсӣ ояндаи ҳузури Ятимову Усмонзода дар сиёсатро хати бутлон кашид ва имкони зиёди ба нафақа гусел карда шудани Ятимовро ҳам пешбинӣ карданд. Аммо на Ятимов ба нафақа рафт ва на Усмонзода аз сиёсат канор зада шуд. Маълум мешавад вазни раиси КДАМ бештар аз он будааст, ки тасаввур мешуд.
Албатта баҳси равобити Усмонзода бо раиси КДАМ ва рақобати дохилӣ дар ҳукумати кишвар мавзӯъи баҳси дигар аст. Ончи ҳоло аён шуд ин аст, ки режими Раҳмон дар як ҳолати шокӣ ва тарси афзоянда ба сар мебарад ва мекӯшад аз камтарин хатар худро дар канор нигоҳ дорад.
Дар ин авохир дар сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи кишвар ҳам бархе дигаргуниҳо ба назар мерасанд. Баъди 28 соли ҳукмронӣ ӯ билохира аз арши кибру ғурур поин омад ва дар хонаи чанде аз шаҳрвандони “оддӣ”-и кишвар меҳмон шуд. Ҳатто аз хӯроки онҳо тановул кард.
Ҳамчунин дар сафари ахираш ба Панҷакент ятимдухтаре “тавонист” ба назди кортежи бо шиддат муҳофизашавандаи ӯ роҳ ёбад раисҷумҳур ҳам баробари дидани ӯ ишора кард, ки духтаракро наздаш оранд.
Ин гуна саҳнаҳо ҳатто дар кишварҳои демократӣ суолбарангез мешаванд ва коршиносону таҳлилгарон ба он бо шубҳа ва чун саҳнаи қаблан тарҳрезишуда нигоҳ мекунанд. Чӣ расад ба кишваре мисли Тоҷикистон, ки дар 28 соли ҳукумати Раҳмон бисёр кам воқеъ шудааст, ки шаҳрванди оддие бидуни иҷозаи мақомоти махсус тавонад ба назди раисҷумҳур роҳ ёбад. Вале истифода аз ин гуна саҳнасозиҳо, ки қаблан Раҳмон аз он ҳазар мекард, гувоҳи ин аст, ки ӯ ларзише дар пояҳои курсиаш эҳсос кардааст.