10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Кабирӣ дар Донишгоҳи Вашингтон суханронӣ мекунад

Фардо, 16 сентябр Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳамзамони раиси ҲНИТ, суҳбати онлайние бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора масъули равобити хориҷии ПМТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов хабар дод.

Гуфта мешавад ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар ин суҳбати онлайнӣ ширкат кунад.

“Барномаи Осиёи Марказӣ” яке аз бонуфузтарин марказҳои таҳқиқотӣ ва пажуҳишӣ дар робита бо ОМ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ин бори аввал нест, ки ин маркази бонуфузи пажуҳишии байналмилалӣ Муҳиддин Кабириро барои суханронӣ даъват кардааст. Ба сабаби пандемаи вируси коруно, ин дафъа суҳбат ба таври онлайнӣ пахш хоҳад шуд.

Муҳиддин Кабирӣ моҳи октябри 2012, яъне 8 сол пеш, бо даъвати “Барномаи Осиёи Марказӣ”-и Донишгоҳи Вашингтони ИМА ба ин кишвар сафар карда, дар ин донишгоҳ суханронӣ намуд. Ҳамчунин, зимни ин сафар бо мақомоти баландпояи амрикоӣ, аз ҷумла бо Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи ИМА, дидор ва гуфтугӯ карда буд.

“Барномаи Осиёи Марказӣ” бо интишори хабари эълони гуфтугӯи онлайнии М. Кабирӣ дар вебсайташ навиштааст: “Барномаи Осиёи Марказӣ” Шуморо ба гуфтугӯи онлайнӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари мухолифин дар хориҷ ва раиси ҲНИТ, даъват менамояд, то вазъияти феълӣ ва чашмандозҳои ояндаи Тоҷикистонро баҳсу баррасӣ кунад.”

Дар идомаи ин матлаб : “Тоҷикистон, ки ба интихоботи президентӣ дар таърихи 11-уми октябри 2020 омодагӣ мегирад ва бо таъсири вабои ҳамагири COVID-19 дасту панҷа нарм мекунад, бо чолишҳои чашмгири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башарӣ рубарӯ аст. Баъд аз суханронии ҷаноби Кабирӣ вақт барои саволҳову ҷавобҳо дода мешавад.”

Ин маркази пажуҳишӣ моҳи январи соли 2016 бо М. Кабирӣ анҷом дод ва онро нашр кард. Ҳамчунин, моҳи ноябари 2012 матни ӯ дар мавзуъи “Ислом ва сиёсат дар Тоҷикистон: аз дидгоҳи таҳлилгари маҳаллӣ”-ро дар ин донишгоҳ мунташир кард.

Илова бар ин, моҳи сентябри 2016 як М. Кабирӣ дар мавзуъи “Эҳё ва марги демократия дар Тоҷикистон: Хотирот ва тааммулот дар мавриди интихоботҳо аз 1990 то 2016”-ро ба нашр расонд.

Ҳар шахси алоқаманд бо сабти ном кардани худ дар шабакаи “Webex” ва ҷустуҷуи номи суханронӣ ба англисӣ “Current Challenges in Tajikistan Amidst Elections and Covid-19 with Muhiddin Kabiri” метавонад вориди ин ҷаласаи онлайнӣ шуда, иштирок кунад.

Рӯзи ҷаласа: Фардо, 16.09.2020 (чоршанбе)

Соати ҷаласа: 19:00 ба вақти Душанбе (18:00 ба вақти Маскав, 16:00 ба вақти Берлин ва 10:00 ба вақти Вашингтон)

Макон: Webex Virtual Event

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *