Рубрики Хабарҳо

Норасоии буҷаи 2020, имкони камшавии он дар 2021 ва ваъдаи рушди дубаробарӣ

Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 14 млрд. 352 млн сомониро ташкил дод, ки 2,6 дар сад камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар дод.

Яъне дар ин давра ба буҷаи кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ, наздики 39 млн доллар камтар маблағ ворид шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Агентии омор аз афзоиши 50-дарсадии содироти сангҳои қиматбаҳо гузориш дода буд.

Тибқи додаҳои Агентии омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз $3 млрд-ро ташкил додааст ва афзоиши 8%-ӣ нисбати ҳамин давраи соли гузаштаро нишон медиҳад. Афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ асосан аз ҳисоби содирот шакл гирифтааст, ки бо наздик ба 50% рушд нисбат ба соли 2019, ба беш аз $1 млрд расидааст. Дар ҳамин ҳол, қисми асосии маҳсулоти содиротиро сангзои гаронбаҳо ва нимагаронбаҳо ташкил додаанд, ки содироти онҳо беш аз 5 баробар афзоиш ёфтааст. 

Агентӣ дар бораи бо кадом маблағ фурӯхта шудани сангҳои қиматбаҳо маълумот намедиҳад, аммо бо дарназардошти афзоиши 5 баромарии содироти он ва 50 дарсадии содирот дар умум мешавад тахмин зад, ки ба маблағи на камтар аз ним миллиард доллар сангҳои қиматбаҳо ба хориҷ бурда шудаанд. Ҳамчунин ба ҷои аввал баромадани Суис (Швейтсария) дар содироти Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки сангҳои гаронбаҳо ба ин кишвар фурӯхта шудаанд.

Камбуди буҷа асосан ба коҳиши маблағи воридшаванда аз андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат дода мешавад. Ҳиссаи андоз дар буҷаи давлатӣ 68 дар садро ташкил медиҳад. Аммо афзоиши фурӯши сангҳои қиматбаҳо ба хориҷ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даромади буҷа бо шиддат кам мешавад.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев мегӯяд бо суръат болоравии содироти сангу металҳои қиматбаҳо пешбинишаванда буданд ва ҳеҷ ҷои таъаҷҷуб надорад. “Бо шиддат поин рафтани интиқоли пули муҳоҷирон, бӯҳрони пешомада аз пандемия ва қатъи фаъолият кардани даҳҳо ҳазор соҳибкор албатта ба камшавии қисми воридотии буҷа чӣ аз ҳисоби андоз ва чӣ аз ҳисоби гумрук мешавад. Табиист, ки давлат бояд ин камбудро аз ҷое пур кунад. Ҳеҷ институти молиявӣ ва кишвари доноре ба ин миқдор қарзу грант намедиҳад, бахусус дар замони бӯҳрони ҷаҳонӣ. Бинобар ин ҳукумат маҷбур ба фурӯши сангҳои қиматбаҳову тилло шудааст” — гуфт ӯ ба Паём

Аюб Эгамов, коршиноси дигари иқтисодӣ ҳам бар ин аст, ки сабаби аввал норасоии даромади буҷа аст. “Аммо саббаи дувум метавонад ин бошад, ки камшавии интиқоли пули муҳоҷирон ба камбуди асъори хориҷӣ расондааст ва барои таъмини бозор ба он, ҳукумат маҷубр ба фурӯхтани сангу металҳои қиматбаҳо шудааст”. 

Бо вуҷуди ин қисмати хароҷоти буҷа иҷро нашуд: маблағҳои пешбинишуда қариб ба ҳамаи бахшҳо ҷудо нагардиданд.

Аммо аз ҳама бештар маблағгузорӣ ба бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноат ва сохтмон, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо кам шуд. Барои мисол танҳо дар шаҳри Кӯлоб қарз аз моҳонаи кормандони буҷа ба 4,2 миллион сомонӣ расидааст. 

Пур нашудани нақшаи буҷа бо вуҷуди қарзу грантҳои зиёд ва фурӯши бесобиқаи сангҳои қиматбаҳо дар ҳолест, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумат лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷаи имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷа бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26 миллиарду 100 миллион сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23 миллиарду 600 миллион сомонӣ муқаррар шуд. Яъне 2,5 миллиард ё наздик ба 250 миллион доллар камтар карда шуд. Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Дар назар буд, ки рӯйпӯш кардани касри буҷа аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ниҳодҳои молиявии байнулмлалӣ амалӣ мешавад. Аммо ба назар мерасад дарёфти қарзу грантҳо низ ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Мувофиқи нақшаи тасҳеҳшудаи Вазорати молия, касри Буҷаи давлатӣ дар соли равон 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ муодили беш аз 300 млн доллар ё худ 3,7 дар сад аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил хоҳад дод.

Бонки Осиёии рушд барои дастгирии буҷаи Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд 23 млн сомонӣ ҳудуди 100 млн доллар грант ҷудо мекунад.

Ҳамчунин бо ин мақсад 189 млн доллар маблағҳои қарзии Хазинаи байнулмилалии асъор ҷалб мешаванд.

Бӯҳрон боис шуд омодасозиву тасдиқи тарҳи буҷаи соли оянда ҳам ба таъхир афтад. Вазорати молия гуфт он то охири сол омода ва ба парлумон фиристода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан тарҳи буҷаи соли оянда дар сентябри соли равон омода мешуд. 

Ба назар мерасад бӯҳрон ба ҳаҷми буҷаи соли оянда ҳам таъсир хоҳад кард.

Аюб Эгамов ба ин назар аст, ки буҷаи соли оянда ҳам ба камбуд (дефитсит) рӯбарӯ хоҳад шуд. “Ман ба ин назарам ва бештари коршиносон низ ҳамфикранд, ки буҷаи соли оянда ҳам бо камбуд хоҳад буд ва ҳукумат мекӯшад онро аз ҳисоби захираҳои тиллову сангҳо ва қарзу грантҳо пур кунад” — изҳор дошт ӯ. 

Абдуманнон Шералиев аммо мегӯяд “имсол ҳукумат қисмати хароҷоти буҷаро кам накард, чун ин кор меҳнату вақти зиёд мехоҳад. Аммо метавон пешбинӣ кард, ки соли оянда қисмати хароҷоти буҷа ҳам камтар карда мешавад. Ба андешаи банда он ҳудуди 15-20 дарсад камтар аз соли ҷорӣ хоҳад буд”. 

Дар ҳамин ҳол, номзад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва раисҷумҳури феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи пешазинтихоботиаш ваъда додааст, ки дар 7 соли оянда Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ду баробар хоҳад кард. Яъне то соли он бояд аз 8 миллиарди феълӣ ба беш аз 16 миллиард доллар расад. Аммо коршиносон ба он ба шубҳа менигаранд. Ҳарду ин коршинос ба ин назаранд, ки барои ин бояд иқтисоди кишвар ҳар сол беш аз 10 дарсад рушд кунад. 

“Ҳатто дар солҳои 2013-14, ки бинобар ирсоли ҳаҷми бесобиқаи маблағи муҳоҷирон, иқтисоди кишвар рушди чашмрасе дошт, он аз 8% бештар набуд. Имсол мо шоҳиди кам шудани ММД мешавем ва соли оянда он на бештар аз 3% рушд хоҳад дошт. Барои расидан ба рушди 10% дар сол дар беҳтарин ҳолат ҳам, ки дар гумон аст бо масъулини феълӣ Тоҷикистон ба он расад, ҳади ақал 4-5 сол лозим аст” — гуфт Шералиев.

Аюб Эгамов ба ин назар аст, ки “танҳо тағйироти инқилобӣ дар иқтисод ва дар сурати пурра иваз шудани тими иқтисодии ҳукумат имкони даст ёфтан ба як чунин рушд вуҷуд дорад. Аммо дар сурати беқурбсозии пули милӣ имкон бо сомонӣ боло бурдани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *