Рубрики Хабарҳо

Камбуди шадиди асъор дар бонкҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон норасоии шадиди асъор, бахусус доллар мушоҳида мешавад. Қурби фурӯшии доллари ИМА, ки дар бонкҳо ҳудуди 10,5 сомонӣ муқаррар шудааст, дар бозори сиёҳ то 12 сомонӣ боло рафтааст.

Аксарияти бонкҳои кишвар аз фурӯши доллару евро худдорӣ мекунанд, аммо бо майли тамом долларро ба сомонӣ иваз мекунанд, менависад Азия Плюс. 

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо мегӯянд, ба мизоҷон танҳо ҳамон асъореро пешниҳод карда метавонанд, ки дар навбати худ аз дигар мизоҷон мегиранд. Сомониро ба доллар танҳо чанде аз бонкҳо қатъиян ба миқдори маҳдуд — то 200 доллар ба як кас иваз мекунанд. Масалан, дар воҳидҳои Бонки Эсхата, Аввалин Бонки молиявии хурд, “Арванд”.

Дар ҳамин ҳол, барои дарёфти асъори хориҷӣ пешакӣ ба навбат номнавис шудан зарур буда, даъватро интизор шудан лозим аст. Ин навбатпойӣ бо сабаби маҳдудияти захираи доллар якчанд шабонарӯз давом ёфта метавонад.

Аммо долларо метавон дар бозори сиёҳ бо қимати болотаре пайдо кард. Як манбаъи Паём аз Истаравшан гуфт, ки дар бозори сиёҳи ин шаҳр дирӯз як доллар 11,9 сомонӣ ҳам фурӯхта шудааст. Ӯ мегӯяд асъор дар бозори сиёҳ ҳам рӯ ба коҳиш аст ва имкони боз болотар рафтани қимати он дар моҳҳои наздик хеле зиёд мебошад.

Як тоҷир, ки барои ворид кардани маҳсулот аз бозори сиёҳи Хуҷанд доллар мехарад ба Паём гуфт, ки 4 рӯз қабл дар ин шаҳр низ доллар ҳудуди 11,5 сомонӣ қимта дошт.

Дар бонкҳо ҳам мегӯянд хоҳишмандони харидани доллар хеле зиёданд.

“Тиҷорат ба доллар ниёз дошта, инчунин аксарияти мардум маблағҳои худро бо ин асъори хориҷӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Дар ҳамин ҳол, воридшавии доллар торафт кам мешавад”, — гуфтаанд дар бонки “Арванд”.

Камбуди асъор ба кори нуқтаҳои интиқоли маблағи бонкҳо низ таъсир расонида, акнун барои интиқоли доллар шахсе, ки онро интиқол доданист, бояд ин асъорро дошта бошад, зеро дар нуқтаҳо сомонӣ ба доллар иваз намешавад. Кормандони бонк ин ҳолатро набудани асъор маънидод мекунанд.

Ин вазъ дар навбати аввал барои волидоне, ки фарзандонашон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, мушкили зиёд меорад, зеро ба донишҷӯён пул лозим буда, онро бо сомонӣ фиристода намешавад. Онҳое,ки ба воридот ва тиҷорат машғул нестанд, на танҳо наметавонанд аз бозори сиёҳ асъор бихаранд, балки аз вуҷуди чунин бозоре даракк надоранд ва маҷбуранд соатҳоро дар ҷустуҷӯи доллар паси сар кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *