Рубрики Хабарҳо

Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд

Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини вазири умури хориҷии Русия масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ба иттилои  сафорати Тоҷикистон дар ФР, Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар аввали моҳи март ба Душанбе сафар хоҳад кард.

Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири Русия ба Тоҷикистон ахиран дар Маскав зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Михаил Галузин баррасӣ шуд.

Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Маврид ба зикр аст, ки Маскаву Душанбе шарикони стратегӣ буда, Русия солҳост, ки калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондаст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *