Амниятиҳои Ҳисор бемори рӯҳиро асир гирифтаанд. Фидя — 3 аскар (навор)
Кормандони шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як бемори рӯҳиро асир гирифтаанд ва талаб доранд, ки барои озодиаш падараш се ҷавони синни аскариро пайдо карда ба онҳо супорад.
“Омбудсмени мардумӣ” ва муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев, навори муроҷиъати сокини 56-солаи деҳаи Чашмаи Моҳиёни ноҳияи Ҳисор Ҳакимов Ҷумъаро нашр кард, ки мегӯяд кормандони КДАМ-и ноҳия писари беморашро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ писарашро бо вуҷуди доштани тамоми асноди бемории равонӣ, барои бурдан ба артиш боздошт намудаанд, аммо чун бемориаш маълум гардид, аз падараш талаб кардаанд, ки агар мехоҳад писараш озод шавад, се ҷавони синни аскариро ба онҳо супорад.
Ҳакимов мегӯяд писари 18-солааш Алиҷон бемории равонӣ дорад ва шабҳо беихтиёр аз хона берун меравад. Ҳамчунин бинобар ин беморӣ ӯ боре кӯшиши худкушӣ ҳам кардааст.
Ба гуфтаи падари ҷавон, ӯ вақте бо як ҳамдеҳааш, ки аз вай муаллим Суннатуллоҳ ном мебарад ва дар шӯъбаи ҷавонони ноҳия кор мекардааст ба идораи амният меравад, муовини сардори шӯъбаи КДАМ талаб мекунад, ки ба ҷои Алиҷон як ҷавони дигарро барои хидмат дар артиш оваранд. Онҳо ҷавонеро мебаранд ва Алиҷонро озод мекунанд. Аммо кормандони шӯъбаи амният аз муаллими Суннатуллоҳ забонхат мегиранд, ки се ҷавони дигарро бояд ба онҳо супорад.
Рӯзи дигар муаллим Суннатуллоҳ ба Ҷумъа Ҳакимов, падари Алиҷон занг зада мегӯяд, ки маро боздошт кардаанд ва бояд се ҷавони дигарро барои хидмат дар артиш пайдо кунем. Ҳакимов мегӯяд муаллим аз ӯ хостааст ба идораи амният биёяд, аммо аз шӯъба ба ӯ ҳеҷ даъватномае нарасидааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша даъво мекунанд, ки боздошти худсаронаи ҷавонон ё “облава” вуҷуд надорад, аммо ҳар сол даҳҳо навору хабар аз боздоштҳои ҷавонон дар кӯчаҳо ва ҳатто хонаҳояшон расонаӣ мешавад.
Қабл аз шурӯъи мавсими даъвати имсола вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо низ аз зердастонаш даъват карда буд даъват ба артишро бо роҳҳои қонунӣ ба роҳ монанд.