Пас аз эълом вуруди вирус коруно дар Эрон, имрӯз бо шиносои ҳазору 762 мавриди ҷадид рекорди сабти бештарин теъдоди мубтало дар як рӯз дар Эрон шикаста шуд.
Асри дирӯз Киёнваш Ҷаҳонпур, сухангӯи ситоди миллии мубориза бо коруно дар Эрон эълом кард: дар 24 соати гузашта ҳазору 762 мавриди ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар кишвар шиносоӣ шудааст ва теъдоди беморон ба 24 ҳазору 811 нафар расидааст.
Вай ҳамчунин бо ишора ба ин ки 8 ҳазору 913 нафар то кунун аз беморӣ беҳбуд ёфтаанд идома дод: аз зӯҳри душанбе то кунун 122 нафар ҷон бохтаанд ва маҷмӯъ даргузаштагон ба 1934 нафар расидааст.
Гуфтанист, 19 феврал марги ду нафар бар асари ибтило ба вируси коруно дар шаҳри Қуми Эрон таъйид шуд. Рӯзи баъд вазорати беҳдошти Эрон ибтилои 5 нафарро ба ин вирус таъйид кард.