Дафтари матбуотии Президенти Қирғизистон хабар дод, ки Сооронбой Жээнбеков раисҷумҳури ин кишвар дар шаҳри Бишкек қарор дорад ва аз Қирғизистон берун нашудааст.
Қайд мешавад, ки феълан раҳбари қирғиз бо ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ барои ба роҳи қонунӣ баргардонидани вазъ дар гуфтушунид аст.
Пештар хабар дода шуда буд, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва сарвазир Кубатбек Боронов пас аз бетартибиҳо, ки дар паи интихоботи парлумонӣ сар зад, ғайб задаанд.
Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон Омурбек Суваналиев ба расонаҳо тасдиқ кард, ки ҷойгоҳи Жээнбеков ва Боронов маълум нест. Ба гуфти ӯ «ба мақсади амният» қарор шуд, ҳамаи марзҳо баста шавад.
Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.
Ба ҳамин минвол, рӯзи 6 -уми октябр Коммиссияи Марказии Интихоботи Қирғизистон натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.