Ширкати Turkish Airlines ва «Сомон Эйр» аз ҳафтаи оянда парвозҳои миёни Душанбе ва Истамбулро аз сар мегиранд.
Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои Turkish Airlines ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад.
Дар назар аст, ки ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом дода шавад. Turkish Airlines парвози самти Истамбул — Душанбе — Истамбулро рӯзҳои душанбе ва ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» — самти Душанбе — Истамбул — Душанбе рӯзҳои панҷшанбе парвоз анҷом хоҳанд дод.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон 20 марти соли равон парвозҳои байналмилалиро қатъ ва марзҳояшро ба рӯи дигар кишварҳо баста буд. Бархе аз шаҳрвандони кишвар дар ҳар мамолики хориҷ дармонданд. Баъдтар барои бозгардонии шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ба роҳ монда шуданд.
Аз 21 июл Тоҷикистон парвозҳои Душанбе-Дубай-Душанберо аз сар гирифт. Парвоз бо шаҳри Дубай як маротиба дар як ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Fly Dubai ва «Сомон Эйр»анҷом дода мешавад.
Феълан барои барқарор кардани парвозҳо бо ҳукумати Русия ва Ӯзбекистон гуфтушунид анҷом дода мешавад.