Ширкати бритониёии RS рутбабандии солонаи кишварҳоеро, ки “дар хатт муқаддам иктишофоти илмӣ” қарор доранд, бар асоси теъдоди муҳаққиқон дар ҳар 1000 нафар, теъдоди патентҳо, теъдоди интишороти илмӣ ва сармоягузорӣ дар фаъолиятҳои таҳқиқотӣ дар муқоиса бо тавлиди нохолис ё маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ мунташир кардааст.
Дар садри ин радабандӣ ва бо фарқи хеле бузург, мисли ҳамеша Иёлоти Муттаҳида қарор дорад, ки ба далел бартарии бисёр зиёд нисбати ба кишварҳои дигар дар теъдоди патентҳо ва интишорот пешгом аст.
Исроил рутбаи дувуми ин радабандиро ҳифз карда ва аз назари теъдоди муҳаққиқ ба ҳар 1000 нафар пештози ҷаҳон ва рақиби Кореяи Ҷанубӣ барои пешсафӣ дар сармоягузории таҳқиқ ва рушд дар муқоиса бо тавлиди нохолиси дохилӣ аст.
Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойгоҳи севум, Ҷопон чаҳорум ва Суид панҷум ҳастанд. Пас аз он Дания, Олмон, Финланд, Суис ва Утриш қарор доранд.
Фаронса дар радаи дувоздаҳум, Бритониё дар рутбам понздаҳум, Чин дар рутбаи бистум қарор доранд. Русия дар ҷойгоҳ сивуякум байни Люксембург ва Словакия қарор гирифтааст. Туркия бори аввал вориди ин чилгона шудааст. Рутбабандиро, ки шомили 41 кишвар, мешавад Руминия, Мексика ва Чили ҷамъбаст мекунанд.