Рубрики Pressa

Оғози баррасии қазияи “Саволу ҷавоб”


Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи сентябр ба баррасии парвандаи марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе оғоз мекунад.

Парвандаро Хуршед Исозода, муовини раиси суд баррасӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони “Саволу ҷавоб” дар шаҳри Душанбе Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ду нафар нишастаанд, ки якеашон мураббии кӯдакистон ва дувумӣ корманди Идораи беҳдоштӣ (СЭС) аст. Ҳардуи онҳо ба “хунукназарӣ” дар корашон муттаҳам мешаванд ва бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *