Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо розӣ шуданд, ки алайҳи раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко таҳрим ҷорӣ кунанд.
Комиссиюни Аврупо (ИА) рӯзи душанбе 12 октябр дар як изҳорот гуфт, ки аъзои он омодаанд дар масъалаи ба рӯйхати таҳримҳо шомил кардани раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко мавқеи муштарак дошта бошанд.
Дар изҳорот бо истинод ба изҳороти қаблии иттиҳодия дар бораи он, ки натиҷаҳои интихоботи 9 августро, ки дар он Лукашенко раисҷумҳури Белорус интихоб шудааст, қабул надорад, гуфта мешавад, ки интихобот дар фазои одилона ва озод баргузор нашуд.
Дар қатънома баргузории интихоботи озод бидуни дахолати хориҷӣ даъват карда шуд, то белорусҳо аз ҳуқуқҳои демократии худ истифода баранд. Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар посух ба саркӯбии тазоҳургарон ва мухолифин бо интихоботи сардори давлат алайҳи 40 мансабдори ҳукумати Беларус таҳримот ҷорӣ кард.
Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайку Мосс низ субҳи имрӯз дар Люксембург пеш аз ҷаласаи Шӯрои равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом дошт, ки пешниҳод дорад, рӯйхати таҳримот алайҳи мансабдорони Беларусро густариш диҳад ва раисҷумҳур Александр Лукашенкоро ба рӯйхати таҳримот илова кунад.