Саъид ибни Ҷубайр (Худо розӣ бошад) соли 46-уми ҳиҷрӣ ба дунё омада, соли 95-уми ҳиҷрӣ вафот кардааст. Имом ҳофиз, қорӣ ва муфассир буда, яке аз тобеъин ва ҳабаши асл ба шумор мерафт. Марди парҳезкор ва донишманди хуби улуми исломӣ буд. Устоди Саъид дар ҷодаи аз худ кардани улуми исломӣ саҳоба Абдуллоҳ ибни Аббос (Худо розӣ бошад) ва Абдуллоҳ ибни Умар (р) шарафёб гаштааст. Инчунин назди модари мӯъминон Оишаи Сиддиқа (р) дар Мадинаи мунаввара ҳам улум фаро гирифтааст. Баъдан дар шаҳри Куфа зиндагӣ карда, илмашро ба мардуми онҷо таълим додааст. Саъид ибни Ҷубайр бо Абдурраҳмон ибни Ашъас дар инқилоб бар зидди давлати Умавиҳо буд. Пас аз ноком гаштани инқилоб Саъид ибни Ҷубайр (р) дар яке аз минтақаҳои Ироқ пинҳон гашт, вале чун маконашро пайдо намуданд аз он ҷо ҳам фирор кард. Чандин минтақаҳои атрофи Ироқро барои паноҳ ва сукунат аз сарбозони Ҳаҷҷоҷ ихтиёр намуд, вале чун машҳур буд, дарҳол ҷояш маълум мешуд. Охируламр ба сарзамини муқаддаси Макка расид ва дар ҳамон ҷо 10 сол монд, ки касе аз маконаш хабардор нашуд. Ба қавле волии Макка медонист, вале аз ҷойгоҳу шахсияташ огоҳ буд ба Ҳаҷҷоҷ ин хабарро намерасониданд. Пас аз даҳ сол волӣ ё ҳокими Макка иваз шуд, чун шогирдони Саъид ибни Ҷубайр (р) аз омадани ин шахс огоҳ гаштанд дар ҳол ба ў хабар доданд, ки шахси баде ҳаст ва хуб мешавад аз Макка хориҷ гардад. Вале Саъид ибни Ҷубайр (р) гуфт: “Савганд ба Аллоҳ ончунон фирор намудам аз сарзамин ба сарзамини дигаре, ки дигар аз Аллоҳ шарм мекунам. Ман дигар тасмими худро гирифтаам, ки дар ин сарзамин ва маконе, ки ихтиёр намудаам боқӣ бимонам. Ман ба ҳар коре, ки Аллоҳ бароям мекунад, розӣ ҳастам”.
Волии нав дар ҳақиқат ҳам инсони хуб набуд ва вақто ки аз вуҷуди Саъид ибни Ҷубайр дар Макка хабар ёфт, фармуд, ки дастгир кунанду назди Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ баранд.
Сарбозони волӣ пайи иҷрои амр омаданд ва Саъид ибни Ҷубайр (р) вақте сарбозонро дид оромона ба сӯйи шогирдонаш нигариста, чунин гуфт: “Шумо дигар маро нахоҳед дид, маро ин золим ба қатл мерасонад. Вале ман дар шабҳо бо ду дустам хело шабҳои хотирмоне дар ибодат доштем ва хело ҳаловати дуоҳоямонро дарёфтем. Мо дуо намудем ба сӯйи Аллоҳ, хело дар ҳолатҳои фурӯтанона ва воқеан он лаззати дуоҳоямон хотирмон буд.Талаб намудем аз Аллоҳ, то моро ба шаҳодат бирасонад. Ман шаҳодати он дуо ва истиҷобат шудани дуоҳои онҳоро шунидам. Вале ман то ба ин рӯзҳо мунтазири истиҷобати он дуоям будам, ки он рӯз ҳам расид”
Ин суханонашро ба охир нарасонида буд, ки духтари хурдсолаш ба наздаш дохил шуд, вақте дид падараш дар дастонаш завлонаҳо баста шудаанд ва сарбозон ӯро иҳота намуда, барои бурдан омодаанд ба сӯй духтараш нигоҳе намуд, ки гўё дигар ӯро намебинад. Духтараш падарро бо ин ҳол дида, гирист ва Саъид ибни Ҷубайр (р) бо меҳрубоние бо дастони баста духтарашро ба оғўш гирифт ва гуфт: Духтарам ором бош ва ба модарат бигӯ мулоқот ва дидори мо бо ӯ иншоааллоҳ дар ҷаннат аст. Инро бигуфт ва хориҷ шуд. Ӯро пас аз чанд рӯз бо ин ҳол ба назди кохи Ҳаҷҷоҷ расониданд.
Ба Ҳаҷҷоҷ хабар доданд, ки Саъид ибни Ҷубайрро овардем. Ҳаҷҷоҷ дарҳол амр намуд, то ӯро ба наздаш ворид намоянд. Ҳаҷҷоҷ ба сӯяш нигоҳи хашмгинонае кард ва пурсид, номат чист?
Гуфт: Саъид ибни Ҷубайр.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Нисбати Муҳаммад чӣ мегўӣ?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Мақсадат Муҳаммад ибни Абдуллоҳ салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳ аст?
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Бале.
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ пешвои фарзандони Одам ва паёмбари Илоҳӣ ва беҳтарини онҳое, ки дар замин зиндагӣ намуданд ва умр ба сар бурданд. Рисолати худро расониданд ва амонаташонро адо намуданд. Насиҳатгар ба китоби Аллоҳ буданд, бандагони Аллоҳро чӣ хосса ва чӣ омма.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Абўбакр чӣ мегўӣ?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ халифаи паёмбари Худо (с) буданд, ҳамдгўянда зиндагӣ намуданд, зиндагии накўе доштанд ва бо манҳаҷи Паёмбар(с) равон гаштанд ва чизеро аз он тағйир ва дигаргун накарданд.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Умар чӣ мегўӣ?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ Форуқе буд, ки Аллоҳ тавассути ӯ ҳақро аз ботил ҷудо намуд. Инчунин беҳтарин бандагони Аллоҳ ва дар назди Паёмбар (с) дорои қадру маконат буданд. Албатта раҳсипор гаштанд бо роҳу равиши ду дўсти худ. Накӯ зиндагӣ намуданд ва шаҳид кушта шуданд.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Усмон чӣ мегўӣ?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ омода ва комилкунандаи сипоҳи Усра ва канандаи чоҳи Рума ва харидори хонае барои худ дар ҷаннат буд. Домоди Расули Акрам (с) шавҳари ду духтарашон. Инчунин бояд бигўям Расули Акрам (с) дар ақди никоҳи ў ду духтарашонро бо нузули ваҳй аз осмон даровардаанд. Бо зулм кушта шудааст.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Алӣ чӣ мегўӣ?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ писарамаки Расули Акрам (с) ва аз аввалин навҷавононе, ки мусалмон шудаанд.Ӯ шавҳари Фотимаи Заҳро (раз) ва падари Ҳасан ва Ҳусайн (раз) пешвои ҷавонони аҳли ҷаннат буданд.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Кадомин халифаҳои Бани Умая назди ту бартар аст?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Он халифае аз онҳо, ки Аллоҳашонро розӣ намуда бошанд.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Пас кадоме аз онҳо Аллоҳро розӣ карда буд?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Илми он назди оне ҳаст, ки ошкору пинҳони онҳоро медонад.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди ман чӣ мегўӣ?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ту худ аз он чӣ дар худи туст донотарӣ.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Балки ман мехоҳам онро аз ту бишнавам.
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Он чӣ ман дар мавриди ту мегўям, туро хушҳол намекунад, балки ғамгинат мекунад.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Барои ман зарур аст, то онро аз ту бишнавам?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Пас гўш кун, то он ҷое ман медонам, ту мухолифи китоби Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло буда, бартар мешумори бархе корҳоеро, то ин ки сиёсат ва ҳайбататро миёни мардум ва раият нишон бидиҳӣ. Вале огоҳ бош, ки ин амалат туро ба пастӣ мебарад ва ҳалокат месозад ва туро ба суйи оташи ҷаҳаннам мекашонад.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Савганд ба Аллоҳ, ки туро мекушам.
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Агар дунёи маро табоҳу хароб намоӣ, охирати туро ман табоҳу хароб менамоям.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Барои худат ҳар маргеро, ки меписандӣ онро ихтиёр кун?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Эй Ҳаҷҷоҷ ҳар маргеро, ки ту барои худат мехоҳӣ ихтиёр намоӣ, онро ихтиёр кун. Аммо савганд ба Аллоҳ ту маро як қатле мекунӣ, вале ман мисли он туро дар қиёмат мекушам.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Оё мехоҳӣ туро афв кунам ва бубахшам?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Агар афву бахшише бошад он аз ҷониби Аллоҳ аст, вале ман онро ҳаргиз аз ту намехоҳам.
Ҳаҷҷоҷ хашмгин гашт ва гуфт: Шамшер, эй сарбоз!
Саъид ибни Ҷубайр табассуме кард.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ман амр ба куштани ту намудам, табассумат аз баҳри чист?
Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ман тааҷҷуб намудам бар ҷуръати ту бар Аллоҳ ва ҳилму раҳми Аллоҳро бар ту.
Ҳаҷҷоҷ гуфт: Эй сарбоз, биштоб!
Саъид ибни Ҷубайр сарашро ба тарафи қибла намуд ва ин ояти Қуръонро хонд:
Тарҷума:”Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офаридааст ва ман аз мушрикон нестам”
Ҳаҷҷоҷ вақте ин оятро шунид, гуфт, аз тарафи қибла сарашро боз гардон.
Саъид ибни Ҷубайр дар ин сухани Ҳаҷҷоҷ, ин ояти Қуръонро тиловат намуд:
Тарҷума: ”Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ кунед, ҳамон ҷо рӯ ба Худост”
Ҳаҷҷоҷ ҳангоми шунидани ин оят амр намуд, ўро бар замин биандозед!
Саъид ибни Ҷубайр дар ин ҳолат ин оятро тиловат намуд:
Тарҷума:”Шуморо аз замин офаридем ва ба он боз мегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем” (Сураи Тоҳо,ояти 55)
Ҳаҷоҷ ба хашм омад ва гуфт: Бикушед ин душмани Худоро, ман то ба ҳол надидаам мардеро, ки ин қадар бо оёти Қуръон иддао намояд.
Саъид ибни Ҷубайр ин ҳангом ҳарду дастонашро бардошт ва дуъои машҳурашро, ки таърих гувоҳи он аст ва дар сафаҳоти тиллогини ҳаёташ сабт шудаанд, намуд: “Эй бор Худоё маро охирон шахсе бигардон, ки Ҳаҷҷоҷ ӯро мекушад ва пас аз ман каси дигареро натавонад бикушад”
Ҷаллод сари Саъид ибни Ҷубайр (раҳ)-ро аз тан ҷудо кард ва Ҳаҷҷоҷ онро мушоҳида менамуд.
Пас аз ин қатл ҳамагӣ 15 рӯз нагузашта буд, ки Ҳаҷҷоҷ мубтало ба бемории дохилии шадиде гашт. Як соат ҳушёр буд, дигар беҳуш мегашт бо хобҳои тарсноке бедору ба ҳуш меомад. Ҳангоме ба ҳуш меомад, фарёд мекашид ин Саъид ибни Ҷубайр буд, ки аз гулям медорад ва гулўгирам менамояд ва мегўяд: Чаро маро куштӣ? Саъид ибни Ҷубайрро аз назди ман дур кунед.
Ривоят мекунанд, дар хоб баъзе аз солеҳини замонаш аз Ҳаҷҷоҷ пурсиданд: Эй Ҳаҷҷоҷ, Аллоҳ бо ту чӣ кард бо ин ҳама қатлу кушторе анҷом додӣ?
Ҳаҷҷоҷ гуфтааст: Аллоҳ маро ба ҳар шахсе куштаам як маротиба куштааст, вале барои Саъид ибни Ҷубайр маро ҳафтод маротиба куштааст.
Ибни Ҷарир (р) мегўяд: Он соле, ки Саъид ибни Ҷубайр ба шаҳодат расонида шуд, он солро соли вафоти фақеҳон меноманд. Зеро дар он сол тақрибан бузургтарин фаќеҳони Мадина аз дунё гузаштанд. Нахуст сар қофилаи ин фақеҳон Алӣ ибни Ҳусайн Зайналобидин (р), сипас Урва ибни Зубайр (р), сипас Саъид ибни Мусайяб (р) ва Абубакр Абдурраҳмон ибни Ҳорис ибни Ҳишом (р) буданд, аммо Саъид ибни Ҷубайр (р) аз аҳли Макка буд”.
Соима Саидӣ