Рубрики Хабарҳо

Масдудияти $5 млрд-и Озода Раҳмон. Хабари воқеъӣ ё ҷаълӣ?

Бо талаби додгоҳи Дезанои Фаронса, суратҳисоби бонкии Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳ ва духтари президенти Тоҷикистон, ки гӯё дар яке аз бонкҳои Фаронса будааст, ба иттиҳоми пулшӯӣ масдуд шуд. Дар нишондоди бонк омада, ки аз соли 2019 то 2020 ба суратҳисоби ӯ зиёда аз 5 миллиард доллар ворид ва хориҷ мешавад. Аммо бештари коршиносон ба ин назаранд, ки хабар ҷаълӣ аст.

Дар бораи масдуд шудани суратҳисоби Озода Раҳмон Франсуа Вийруа де Гало (François Villeroy de Galhau),  раиси Бонки миллии Фаронса дар Твиттери худ  санаи 4 уми октябр маълумот додааст.

Бо мушоҳидаи саҳифаи твитерии François Villeroy de Galhau, ки дар он ҳамчун Раиси бонки миллии Фаронса муаррифӣ шудааст,  дида мешавад, ки ин саҳифа ҳанӯз аз соли 2013 фаъол буда дар он 38 маротиба матлабҳо твит шудааст. Аммо аниқ кардан мушкил аст, ки ин Твиттер ҳақиқӣ аст ё ҷаълӣ. 

Коршиносон ба нодурсутии ин хабар ишора доранд, зеро дар кишвари фақире ба мисли Тоҷикистон маблағи 5 миллиард доллар пули кам нест, ки масъулон онро дошта бошанд. Ончи ки ин хабаро зери шубҳа мебарад, ин ишора ба гардиши 5 миллиард доллари ИМА дар ин ҳисоби бонкӣ дар давоми як сол — 2019 ва 2020 мебошад.

Ин дувумин ҳамлаи интернетӣ ба фарзандони раисҷумҳури Тоҷикистон бо истифода аз саҳифаҳои қалбакии шахсиятҳои маъруф аст. Коршиносон ба ин назаранд, ки имкон дорад ин хабарҳоро кадоме аз мақомоти Тоҷикистон омода мекунад, чун тибқи маълумоте, ки ба Паём расид, ҳардуи ин твит аз дохили Тоҷикистон копи ва ба расонаҳои дархориҷбуда ирсол шудаанд.

Рӯзи 28 сентябр дар ҳамин шабакаи Твиттер аз номи имени Дани Энгел, роҳбари Herzliya Medical Center, як бемористони маъруфи Исроил хабаре нашр шуд, ки гӯё Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон соли 2019 дар ин бемористони Исроил аз саратон ҷарроҳӣ шудааст.

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 30 сентябр дар як раддияи расмӣ хабарҳои нашршуда дар бораи гӯё дар соли 2019 барои табобат ба Исроил сафар кардани раиси пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалиро бардурӯғ ё «фейк” ва дар арафаи интихобот «иғвогарии бадқасдонаи бадхоҳони миллат” номид. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *