Русия квота барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш медиҳад?
Дар Думаи давлатии Русия, масъалаи афзоиши квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар донишгоҳҳои ФР, баррасӣ мешавад.
Бар асоси гуфтаҳои Казбек Тайсаев, муовини раиси Думаи давлатии Русия оид ба масоили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қарор дар ояндаи наздик қабул хоҳад шуд.
Тайсаев дар ҳамоиши онлайн дар “Россия сегодня” гуфт: “Феълан масъалаи афзоиши квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар донишгоҳҳои Русия дар ҳоли баррасӣ аст.
Ӯ афзуд, ки дар нишасти кумита, ки масъалаи афзоиши квотаҳоро баррасӣ мекунем. Ин идеяро президенти кишвар низ дастгирӣ карда буд”.
Ба гуфти ӯ, чунин квотаҳо аз ҷумла барои ҷавонони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ройгон дар Русия соҳиби маълумоти олӣ шаванд.
Русия дар як сол дар умум барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3900 бурсаи ройгони таҳсил ҷудо мекунад.
Ба гуфти Тайсаев масъалаи афзоиши квотаҳои таҳсилро дар баробари президент, Россотрудничество ва Вазорати Умури Хориҷаи Русия низ, дастгирӣ карданд.