Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков эълон кард ба истеъфо меравад. Ӯ гуфт ҳеҷ мансабе ба оромӣ ва ягонагии кишвараш намеарзад.
Бо нашри баёнияи расмие, ки имрӯз 15 октябр нашр шуд Ҷеенбеков гуфтааст: «Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун раисҷумҳуре, ки хуни мардумашро рехтааст ва ба самти шаҳрвандони худаш тир андохтааст, боқӣ бимонам.»
Дар баёнияи ӯ ҳамчунин гуфта мешавад тасдиқи ҳукумати нав аз сӯи раисҷумҳур низ вазъро мӯътадил накард ва тазоҳургарон истеъфои бетаъхири Ҷеенбековро талаб доранд. “Нерӯҳои интизомӣ барои ҳимоя аз идораҳои давлатӣ маҷбуранд ба самти тазоҳургарон тир холӣ кунанд. Дар ин сурат хун хоҳад рехт. Ман аз ҳарду ҷониб даъват мекунам ба фитна дода нашаванд” — даъват кардааст раисҷумҳур.
Ӯ ҳамчунин аз сарвазири тозатаъин Содир Ҷабборов даъват кардааст тарафдоронашро бозпас гардонад ва зиндагии пойтахтиҳоро ноором насозад.
Тибқи қонунҳои Қирғизистон баъди истеъфои раисҷумҳур масъулияти идораи давлат ба дӯши раиси парлумон меафтад. Дар сурати бо кадом сабабе ба дӯш гирифта натавонистани раиси парлумон, кишварро бояд сарвазир ё нафаре, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад, адо идора намояд.
Ҳамчунин тибқи қонун, интихоботи раисҷумҳур бояд се моҳ пас, яъне 15 январ баргузор шавад.
Сооронбой Ҷеенбеков баъди чанд рӯзи тазоҳуроти оммавӣ ба зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ истеъфо дод, ки дар он аксаран ҳизбҳои тарафдори ҳукумат пирӯз шуданд. Ӯ қабл аз истеъфо қарори порлумонро дар бораи интихоби Содир Ҷабборов ба мақоми нахуствазир имзо кард.
Таъйини Ҷабборов, ки барои одамрабоӣ ба зиндон маҳкум шуда буд ва тазоҳургарон ӯро шаби 6-уми октябр озод карданд, роҳро барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон боз мекунад.
Баъди интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистон тазоҳургарони хашмгин, ки мегуфтанд, дар интихобот тақаллубкорӣ шудааст, биноҳои давлатиро ишғол карданд ва Комиссияи интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро беэътибор донист.
Сооронбой Ҷеенбеков дар яке аз аввалин баёнияҳояш пас аз тазоҳуроти оммавӣ гуфта буд, дар сурати таъйини ҳукумати нав ва ором шудани кишвар, аз мақомаш истеъфо медиҳад. Баъдан гуфт, ки омодааст, пас аз баргузории интихоботи нави порлумонӣ ба истеъфо равад.