Намояндагони «Толибон», ки ба музокирот дар Маскав рафтаанд, изҳор доштанд, ки марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро вайрон карданӣ нестанд.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.
Як ҳайати дафтари сиёсии ҷунбиши «Толибон» барои баррасии вазъи шимоли Афғонистон ба Маскав омаданд. Гурӯҳро, ки аз чор намоянда иборат буд, шайх Шаҳобуддин Диловар роҳбарӣ мекард.
Дар гуфтушунид намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов ширкат кард.
Ба иттилои манбаъ «Толибон» ваъда карданд, ки марзи кишварҳои Осиёи Марказиро вайрон намекунанд». Ҳамчунин Толибон ваъда карданд, ки амнияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Афғонистон кафолат медиҳанд.
Ғайр аз ин, «Толибон» барои мубориза бо таҳдиди созмони террористии «Давлати исломӣ»*, инчунин барои нест кардани истеҳсоли маводи мухаддир дар кишвар пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, изҳори омодагӣ карданд.
Қаблан сардори Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ генерал-полковник Анатолий Сидоров изҳор дошт, ки Толибон тақрибан 100% манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтаанд.
Аммо, у гуфт, ки зарурати ҷалби нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои ҳифзи марз вуҷуд надорад. Вале дар сурати ноором шудани вазъ, созмон ба Тоҷикистон сари вақт кумак хоҳад кард.
Ҷангҳои шадиди байни ҳукумат ва «Толибон» ҳафтаҳост, ки дар чаҳор минтақаи марзӣ идома дорад.
Аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, «Толибон» аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 вулусволии Афғонистонро забт кардаанд.