Вазорати дифоъи Бритониё бо интишори баёнияе аз имзои созишнома дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ бо Қатар хабар дод. Созишномаро, ки таҳкими нерӯи ҳавоии Қатарро дар назар дорад, вазирони дифоъи ду кишвар имзо карданд.
Вазири дифоъи Бритониё имзои созишномаи низомӣ бо Аморати Қатарро як боби нав дар равобити дифоии ду кишвар номид. Вай бовар дорад, ки тавсеаи равобити дифоӣ байни ду кишвар метавонад барои ҳифзи сулҳ ва барқарории суботи сиёсӣ дар Ховари Миёна хидмат кунад.
Имзои созишномаи низомӣ байни вазирони дифоъи Бритониё ва Қатар дар ҳолест, ки Исроил ахиран ба фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафтаи F-35 ба Қатар мухолифат кард.
Сомонаи Гузориши иқтисодии Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ дар бораи имзои созишномаи низомӣ байни ду кишвар рӯзи панҷшанбеи 15 октябр хабар дод.
Гуфта мешавад, ки вазири дифоъи Бритониё Бен Воллес ва вазири дифоъи Қатар Холид бин Муҳаммад ал-Аттия дар маросими ифтитоҳи пойгоҳи гардони ҳавоии 12 ду кишвар ин созишномаро имзо кардаанд.
Созишномаи мудофиа
Ҳангоми боздиди вазири дифои Қатар ба қароргоҳи гардони ҳавоии муштараки Тайфун, рӯзи чоршанбеи 14 октябр, дар фурудгоҳи шоҳигарӣ нерӯҳои ҳавоии Канёнсӣ созишнома дар бораи ҳамкориҳои дифоӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
Ҳадаф аз имзои ин созишнома тақвияти тавонмандии нерӯҳои ҳавоии Қатар аст. Ахиран Аморати Қатар аз Бритониё нӯҳ ҳавопаймои Hawk харид.
Таъсиси гардонҳои ҳавоии нави Бритониё ва Қатар маънои густариши сатҳи ҳамкориҳои низомии ду кишварро дорад. Вазири дифоъи Бритониё Бен Уоллес хариди ҳавопаймоҳои Hawk аз ҷониби Қатарро қадами муҳим дар самти таҳкими тавонмандиҳои эскадрии муштараки ду кишвар номид.
Ба гуфтаи вазири дифоъи Бритониё, тақвияти қудрати низомии Қатар ва бавижа нерӯҳои ҳавоии ин аморат метавонад дар таҳкими амният ва субот дар Ховари Миёна муассир бошад.
Бен Уоллес имзои созишномаро як боби нав дар муносибатҳои кӯҳнаи мудофиаи Бритониё ва Қатар номид. Вай бо ишора ба ҳамкориҳои муваффақ дар кишвар дар эскадрилияи Тайфун, таъсиси эскадрильяҳои нави ду кишварро ҳамчун як тадбири муфид ва муассир дар таъмини амнияти ҳарду кишвар ёдовар шуд.
Гардонҳои ҳавоӣ бояд дар тӯли 60 ҳафта дар ҳайати як гурӯҳи иборат аз 30 нафар ва ширкатҳо тибқи шартнома ташкил карда шавад.
Илова бар ин, интизор меравад, ки нерӯҳои ҳавоии Қатар тибқи тавофуқ аз Британияи Кабир якчанд ҳавопаймои Typhoon гиранд.
Рӯзи 11 октябр вазири амнияти Исроил Эли Коэн мухолифати Исроилро ба таҳкими ҳарбии Қатар ва ба аморат фурӯхтани ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафтаи F-35 изҳор кард.