Рубрики Хабарҳо

«Авангардиӣ чӣ?»

Чанд рӯзи охир мавзӯъе, ки сари забонҳост, қазияи гурӯҳи “Авангард” аст. Ҳарчанд аз ташкили ин гурӯҳ 5 сол гузашт ва “кору фаъолиятҳо”-и зиёде ҳам он анҷом дод, чанд акс аз пешвози намояндагони “Авангард” дар Зафарободу Гулистони Суғд якбора сару садо барангехт.  

Дар ин акс дида мешавад ҷавондухтарон бо нону намак аз авангардиҳо пешвоз мегиранд. Коре, ки асосан барои пешвозгирии меҳмонони баландмартаба сурат мегирад. Ҳарчанд ин гуна аксҳо аз пешвозгирии ин ҷавонон қаблан ҳам нашр шуда буданд, аксҳои охир сабаб шуд на танҳо сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд шавад, балки расонаҳо ҳам ба ин гурӯҳ таваҷҷӯҳ кунанд ва гузориш омода намоянд. Шояд сабаби дигари таваҷҷӯҳи корбарон ба ин гурӯҳ як навиштаи роҳбари он Мардихудо Давлатов аст, ки аз ҳамгурӯҳаш Фирӯзи Маҳмадулло интиқод кард. Ҳардуи онҳо худро роҳбари ин гурӯҳ медонанд, ки ба гуфтаи Давлатов 6 ҳазор ва ба гуфаи Фирӯзи Маҳмадулло 22 000 узв дорад. 

Худи аъзои гурӯҳ низ дар ин авохир фаъолтар шуданд ва агар қаблан бо мухолифин танҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ “меҷангиданд” ва камтар касе аъзои онро мешинохт, дар як барномаи онлайнии мудири сойти “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин бо занги видеоӣ пайваст шудаву бо ӯ вориди баҳс шуданд. 

Аъзои ин созмон, ба ҷуз ду-се нафар ҳамагӣ нафарони бадзабон ва ифротӣ ҳастанд, ки ҳамеша зимни баҳсҳо бо мухолифин ё норозиён на танҳо аз алфози қабеҳ истифода мекунанд, балки борҳо онҳоро таҳдид ба марг ё ҳади ақал латукӯби шиканҷа кардаанд. Яке охирин мисолҳои ин ифроти онҳо ба рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ аст. Дар як шеъргунае, ки яке аз аъзои ин гурӯҳ навиштааст, Абдуллоҳ таҳдид ба “нест шудан аз реша” мешавад. 

Гуфтанист, Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни сафари кориаш ба ноҳияи Хуросон барои омода кардани гузориш аз хонаводаҳои селзада, мавриди ҳамлаи се нафар гашта буд. 

Якбора сари забонҳо шудани номи ин гурӯҳ, ҳарчанд бо интиқод ва назари манфӣ, метавонад як трюки таблиғотӣ бошад. Яъне ҳам навиштаи Мардихудову ҳам тамоси онҳо ба яке аз сербинандатарин барномаҳои онлайнии мухолифини давлат шояд тибқаи нақшаи пешакӣ сурат гирифтааст то баҳсҳо атрофи ин гурӯҳ бештар бошад. Имкони тасодуфан бо ҳам омадани ин се ҳодиса ҳам баъид нест.

Дар ҳамин ҳол суолҳое ҳам аз замони пайдоиши ин гурӯҳ то ин замон ба вуҷуд омадаанд, ки посух мехоҳанд. Тибқи иттилоъи сойташ, “Авангард” моҳи августи соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода ташкил шуда, ҷаласаи аввалинаш ҳам онҷо баргузор шудааст. Ин иттилоъи худи гурӯҳ даъвои онро мабнӣ бар таъаллуқ надоштанаш ба ҳеҷ ниҳоде зери суол мебарад. Бинои ВКД клуб ё театр нест, ки иҷора гириву дар он ҷаласа барпо кунӣ. Ҳамчунин вазири дохила дар ҳар ҷаласае бе сабаб ширкат намекунад. 

Сомонаи расмии ВКД ҳам дар бораи он ҷаласа иттилоъ дода , ки нишаст бо ибтикори вазорат барпо шудааст. Яъне ин вазорат  буда, ки ҷавононро ба бинояш хабар кардааст ва бо онҳо худи вазир сӯҳбат намудааст. Дарҳол баъди ин сӯҳбат “Авангард” таъсис мешавад ва ҳоло даъво дорад, ки мустақил аст. 
Раҳбари гурӯҳ Мардихудо Давлатов даъво дорад, ки “Авангард” ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон аст, аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунад ва гурӯҳи сиёсӣ нест. Аммо ҳам маводи дар сомонаи гурӯҳ нашрмешуда ва фаъолияти аъзояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чзи дигарро собит мекунанд. Баёнияҳои ин гурӯҳ асосан сиёсианд, ки дар маҳкумияти мухолифин ё кишвару созмонҳое, ки ба онҳо паноҳ додаанд ё аз онҳо ҳимоят мекунанд, нашр мешавад. 

Замони таъсиси гурӯҳ масъулинаш эълон карда буданд, ки ҳадафашон мубориза бо ифротгароӣ аст, ки мехоҳанд бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ боз доранд. Аммо чанд моҳе нагузашта ҳадафи аслии таъсиси ин гурӯҳ маълум шуд — онҳоро барои тазоҳурот ба назди сафоратҳо ва дафтари САҲА бароварданд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон тазоҳурот як тараф, дар якҷо ҷамъ шудани чанд нафар мақомот эҳсоси хатар мекунанд, дар гумон аст, ки ин чанд ҷавон ихтиёран барои тазоҳурот ба назди намояндагиҳои дипломатӣ рафтаву касе монеъаи доду фарёдашон нашуда бошад.

Яке аз суолҳое, ки дар ин чанд рӯз ба вуҷуд омадаанд, наҳваи фаъолияти ин гурӯҳ аст. Тибқи гуфтаи раҳбаронаш ин гурӯҳ дар ҳеҷ куҷо ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳоле, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳеҷ созмоне бидуни қайд ҳақи фаъолият надорад. Агар ин созмон ба ВКД таъаллуқ надорад, аммо ғайриқонунӣ фаъолият мекунад, чаро дар 5 сол боре фаъолияташ тафтиш нашудааст.     

Мардихудо Давлатов , ки гурӯҳи зери раҳбариаш аз ҳеҷ ниҳоде маблағ намегирад ва аслан ҳисоботи молӣ надорад. Дар ҳамин ҳол маълум нест фаъолияти ин гурӯҳ, бахусус сафарҳояш ба манотик, ки масрафи андаке надоранд, аз куҷо таъмин мешавад. Ӯ мегӯяд ҳамаи аъзои “Авангард” ба ҷузъ фаъолияти ихтиёриашон дар созмон ҷои кори доисӣ доранд, ки даромадашон аз ҳамон ҳисоб аст. Худи ӯ дар донишгоҳ дарс мегӯяд.

Аммо суоли мартаҳ ин аст, ки моҳонаи як устоди донишгоҳ чӣ қадар аст, ки ба худаш иҷоза диҳад зуд-зуд ба манотиқи гуногуни кишвар — сар аз Бадахшон то Зафаробод сафар кунад?

Чизе, ки бештар аз ҳама корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба таъаҷҷуб овардааст, пешвози пурдабдабаи авангардиҳо бо нону намак аз ҷониби ҷавондухтарон аст. Дар ҳоле, ки ба чунин пешвоз на ҳар вазиру кабирро сазовор мебинанд, кӣ барои фаъолони ин гурӯҳ ингуна пешвозгириҳои пурдабдабаро ташкил мекунад.

Ба гуфтаи як узви ин гурӯҳ, ки нахост номаш зикр шавад, пешвози фаъолонро аъзои гурӯҳ дар манотиқ ташкил мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки гурӯҳ дар тамоми навоҳии кишвар аъзо дорад ва қабл аз сафараш ба минтақае аъзояш дар онро хабардор мекунад. Аъзои маҳаллии “Авангард” бо нону намак ба пешвоззи раҳбарони пойтахтиашон мебароянд. 

Ба суоли Паём дар бораи ин ки оё ин пеҳвозгириҳо ихтиёран сурат мегиранд ё бо супориши раҳбарияти гурӯҳ, ӯ бо ханда посух дод, ки “як ду ноҳияи аввала кам-кам фаҳмонидем, ҳоло худи аъзоҳо аз онҳо ибрат гирифта ташкил мекунанд. 

Дар бораи аз куҷо таъмин шудани маблағи сафарҳо аммо ин узви “Авангард” посух надод ва танҳо гуфт, ки “Худо мерасонад”.
Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад бар хилофи интизорӣ ва кӯшишҳои мақомот, гурӯҳ дар ҷомеъа ва байни ҷавонон мавқеъ касб накардааст. Тибқи иттилоъи хонандагон аз навоҳии гуногун, ки Паём аз онҳо назар пурсид, бо “Авангард” танҳо он ҷавононе ҳамкорӣ мекунанд, ки байни ҳамсолонашон бо тамаллуқкорӣ маъруфанд. 

Дар Душанбе бошад авангардӣ будан ба истеҳзову масхара табдил шудааст. “Авангардиӣ чӣ?” — мепурсанд ҷавонон агар тамаллуқкореро диданд ё мехоҳанд якеро ба масхара кашанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *