Вазорати умури хориҷаи Русия дар мавриди ба мушкил дучор шудани бахши Агентии иттилоотии байналмилалии «Россия сегодня» барои сабти дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.
Сергей Лавров, Вазири умури хориҷаи Русия зимни сӯҳбаташ бо расонаҳои русӣ гуфт,
«Ман ҳам бар онам, ки мисолҳои зикргардида, аз ҷумла, мушкилии расонаҳои мо то охир ба эътидол оварда нашудаанд. Боварӣ дорам, ки мо ин мушкилиро ҳал мекунем, аммо розиям, ки он набояд пеш меомад. Бо дарназардошти муносибатҳои мо, ҳамаи он корҳое, ки мо мекунем дар амал, иштирокамон дар иттиҳодҳои муштарак ва назардошти манфиатҳоямон бояд автоматӣ ва равшантар мешуданд».
Лавров таъкид карда, ки «Тоҷикистон пурра аз мо вобаста аст, аммо ҳар кор хоҳанд мекунанд”.
Вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, «Ман наметавонам, маҳкум кунам, дар ҳоле, ки ба ҷанбаҳои амалии муносибатҳои мову шариконамон машғулам. Шумо рӯзноманигорон имконият доред, ки ба вазъият баҳои объективӣ диҳед. Вақте ки дар расонаҳо саволҳои амалиро ба пеш мегузоранд, албатта доим омодаем, ки онҳоро ба назар гирем ва дар сиёсати амалии худ аз он истифода барем».
Дар идомаи сӯҳбаташ Лавров афзуд, Вазорати алоқа танҳо ба таври автоматӣ муносибатҳои иттифоқии байни кишварҳоро ба назар нагирифтанд, барои ҳамин вазоратҳои алоқа бояд фаъолона дар гуфтушунидҳо ширкат варзанд.
Ҳамчунин Лавров дар мавриди омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикиситон гуфт: “Дар Тоҷикистон мувофиқи созишҳо барномаи махсуси омодасозии муаллимони забони русӣ ва рушди забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Чунин барномаҳо дар Қирғизистон низ ба роҳ монда шудаанд”.
Чанде пеш хабаргузориҳо иттило доданд, ки Русия ба Тоҷикистон шарт гузоштааст, ки омӯзгоронеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон мераванд ба ҷойи зист таъмин намояд.