Ба гузориши веб-сайти «Амни парвоз», ки як сайти коршиносии таҳқиқот дар бораи садамаҳои ҳавоӣ аст, ҳавопаймои Боинг-737-и ширкати «Лайн-эйр»-и Индонезия, ки рӯз гузашта суқут кард, дучор нуқси фаннӣ будааст.
Бар асоси иттилооти ин веб-сайт ин ҳавопаймо дар парвози рӯзи якшанбе, 28 октябри худ, додаҳои ғалат дар бораи суръат ва баландии парвоз ба халабон намоиш дода буд. Мудири ширкати „Лайн-эйр» зимни таъйиди ин хабар дар гуфтугӯ бо хабаргузории Олмон таъкид кард, ки ин мушкилоти пеш аз парвози рӯз душанбе рафъ шуда буд. Ҷустуҷӯ барои ёфтани сандуқи сиёҳи ҳавопаймои «Лайнэйр» бо кӯмаки ғаввосон ва истифода аз дастгоҳҳои фосилаёби савтӣ ва фонусҳои зиддиобӣ ҳамчунон идома дорад.
Ҳавопаймои Боинг-737 бо ҳудуди 190 сарнишин, рӯз душанбе 28 октябр танҳо чанд дақиқа пас аз ба парвоз даромадан бар фарози обҳои Индонезия суқут кард.
Дар ҳамин ҳол, ҷанозаи 24 нафар аз сарнишинони ин ҳавопаймо, пайдо шудааст.
Ба гузориши рӯзномаи “Тампу”-и Индонезия пайкари 24 нафар аз мусофирони ин ҳавопаймо дар амалиёти имдод ва наҷот дар маҳалли суқути он дар обҳои минтақаи Коровонг пайдо шуда, ба бемористони полиси Ҷакарта интиқол ёфтаанд.
Яке аз пизишкони ин бемористон дар изҳороте гуфтааст, ки эҳтимолан ба далели тикка тикка шудан аҷсод, ҷанозаҳои чанд нафар дар як халта қарор доранд.
Эҳтимол меравад, ки ғаввосон ва тимҳои имдоду наҷот имрӯз ба баданаи ҳавопаймо даст ёбанд.
Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки охирин дақоиқи ин садамаро сабт кардааст. Дар он сарнишинони ҳавопаймо бо овози баланд такбир ва таҳлил мегӯянд.
ЧИ ОХИРЕ….Ба ҳар мӯъмин ва мусалмон муясар намешавад то дар охирин сонияҳои зиндагияш беҳтарин калимаро ба забон биёрад(((( Вале нафарони дохили ин ҳавопаймо, ки ҳама ҳалок шуданд, дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташон «Ло илоҳа илаллоҳ» ва «Аллоҳу Акбар» мегӯянд….Дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Малайзия 189 нафр ҳалок шудан, Аллоҳ раҳмату шоистаи Ҷаннаташон намояд, Омин….
Posted by on Monday, October 29, 2018