11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Харҷи моли шавҳар бидуни иҷоза

Зани хубу меҳрубон, дилсӯзу амонатдор, зане, ки шавҳарашро нимаи худ медонад ва ҳамчун падару бародару фарзанди худ аз ӯ дифоъ мекунад, бузургтарин атои Худованд аст. Вақте ҳамсаре доред, ки тоқати лағжиши қадамҳои шуморо надорад, вақте бемор мешавед, бемор мешавад, вақте ғамгин мешавед, мотам мегирад ва ҳамеша хун мехӯрад то обрӯи шумо назди касе нарезад ва ҳатто тини шумо исроф нашавад, яқин бидонед, ки аз бандагони хоси Худованд ҳастед, ки чунин неъматро бароятон арзонӣ доштааст.

Вале қисмату тақдир ба дасти банда нест, гоҳе мешавад, ки ҳамсари хона бо равишу ахлоқҳои пасти худ ба зиндони тоқатнофарсо табдил медиҳад, зиндоне, ки на дар дохилаш монда мешавад ва на аз он берун шуда метавонед.

Яке аз сифатҳои ин намуд занҳои зиндонсоз, занҳое ҳастанд, ки напурсида моли шавҳарро харҷ мекунанд. 

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки пасттарин ахлоқи инсони дуздӣ мебошад. Шахси дузд иффату обрӯву шахсият надорад. Ӯ як дузд аст, бо як амали худ чӣ мусибатҳое болои мардум намеоварад.Дар шариат ҷазои дуздон дастбурӣ аст, ин ҷазо беҳикмат нест, шариат ин ҷазои муносибро барои дуздон муайян кардааст, то ки моли мардум орзуву ормонҳои мардум ҳифз карда шаваду касе ба молу иззати онҳо даст назанад.

Дуздии пинҳонӣ напурсида моли шавҳарро гирифтан ва ба ҷойҳои бефоида сарф кардани зан, хиёнати ошкор ба амонатдории оила мебошад. Мутаассифона ин одати разил дар байни занҳо зиёд аст. Занҳое, ки пинҳонӣ ба ҷайби шавҳар даст мезананд, боз ҳеҷ шарме накарда дар байни дугонаҳои худ аз ин кирдори пасти худ бо фахр қисса мекунанд.

Аз ҳама хиҷолатовар он аст, ки аксари занҳое, ки напурсида моли шавҳарро мегиранд, бо он пулҳо либоси нав мехаранд ё ки барои туйе туҳфа мегиранд ва ё барои зару зевар харҷ мекунанд. Агар барои табобат ва ё кӯмак ба мӯҳтоҷе ва ё заруратҳои дигаре сарф мекарданд, он қадар шармовар набуд. Вале ба хотири дар чашми мардум зебо намудан, дузди кардан он қадар пастиву шармандагӣ аст, ки ҳатто тасаввураш инсони бошуурро арақ мекунонад.

Дар шариат гирифтани моли шавҳар бидуни иҷоза ва харҷ кардани он ҳаргиз ҷоиз нест. Ин амал хиёнат ба амонат ҳисобида мешавад ва намуде аз дуздӣ аст. Аммо ин раҳмати Илоҳӣ аст, ки барои зани моли шавҳарашро дуздида, ҷазои дастбурӣ муайян накардаасту таъзироти дигаре вуҷуд дорад.

Вале гоҳе мешавад, ки бемасъулияти ва хасисии шавҳар занро ба дуздӣ маҷбур месозад.

Чӣ тавре, ки пештар ҳам борҳо баён карда будем, вақте духтарак ба шавҳар баромад, тамоми таъминоти моддии ӯ ба гардани шавҳар аст. Шавҳар ба шароити иқтисодии худ нигоҳ карда, ҳамсарашро бо ғазову либос, ҷои зисту эҳтиёҷоти дигар таъмин месозад. 

Вақте шавҳар бо вуҷуди доштани шароит шиками зану фарзандонашро сер намекунад ва ё мисли дигар шавҳарҳо бо либосу ҷои зисти муносиб таъмин намесозад, дар ин вақт зан иҷозат дорад, напурсида пули шавҳарашро бигираду ба эҳтиёҷоти худ сарф кунад.

Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва китобҳои Сунан омадааст, ки боре зане аз хасисии шавҳараш ба Паёмбар шикоят карда мегӯяд:

“Паёмбари Аллоҳ шавҳари ман марди хасис аст, ба ману фарзандаш миқдори кофӣ пул намедиҳад, оё напурсида пулҳояшро гирам ҷоиз аст ё на?

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар посух мегӯянд: “Фақат миқдоре, ки дар урфи мардуми муайян шудааст ва фақат ба туву фарзандат кифоят мекунад, онро гир. 

Биёед ба ҳадис амиқтар нигоҳ кунем, дар вақти посух ба ин зан Паёмбар калимаи урфи мардумро истифода карданд. Аз ҳадис бармеояд, ки ҳар марде, ки шароит дораду мисли мардҳои дар атрофаш буда ба хонаводааш харҷ намекунад, зан метавонад аз шавҳараш напурсида пули шавҳарро гирад ва ба чизҳои лозимие, ки дар ҳама хонаҳое, ки мисли онҳо шароит доранд, вуҷуд дорад, сарф кунад.

Барои мисол ҳар як оилае, ки шароити мутавассит доранд, яхдон доранд. Яхдон аз лавозимоти ҳар як оила гаштааст. Аммо шавҳарҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди шароити хуб доштан, яхдон намехаранд. Вақте зан ба хона яхдон лозим аст, мегуяд, ягон илоҷашро кун, падар модари ману ту дар вақташ солҳо беяхдон зиста буданд, гуён мавзӯъро мепӯшад.

Дар ин ҳолат зан метавонад аз шавҳар напурсида бо пули шавҳар яхдон харад, зеро дар урфи мардум яхдон дар ҳама хона ҳаст ва дар вақти шароити хуб доштан, шавҳар ҳатман бояд бихарад.

Мисоли дигар, бо вуҷуди шароити хуб доштан, шавҳар ба ҳамсару фарзандон либосу пойафзол намехарад, худат кор куну хар ва ё бигзор падару модарат харад гӯён, аз масъулият мегурезад, дар ин ҳолат ҳам зан метавонад аз шавҳараш напурсида бо пули шавҳар барои худу фарзандон либосҳои зарурӣ, таъкид мекунем либосҳое, ки дар ҳақиқат лозим аст, бихарад.

Инҷо падарҳое ҳам ҳастанд, ки аз шиками зану фарзанди худ кашида, ба таври худ эконом мекунанд. Бо як пиёлаи чою як бурдаи нон ҳам мешавад, намемуред гӯён бо экономи худ саду як маризиро ба зану фарзанди худ мехаранд. Вақте зан мебинад, ки шавҳар бо вуҷуди пулдорӣ дар таъмини хӯрок ба ӯву фарзандонаш зулм мекунад, дар ин ҳолат низ метавонад аз шавҳар напурсида, барои худу фарзандонаш таомҳои лозимие, ки ҳама мехуранду онҳо маҳрум ҳастанд, бихарад.

Пас метавонем хулосагирӣ кунем, ки дар вақти бемасъулияти шавҳар ва таъмини дурусти моддӣ накардан, шариат ба занҳо иҷоза медиҳад, напурсида пули шавҳарро ба эҳтиёҷоти худ сарф кунанд.

Аммо ба хотири муди нав пӯшидану, қолину пардаи навбаромад харидан, мисли ҳамсоя айфону телефони модели охир харидан, пули шавҳарро беиҷозат гирифтан, дуздӣ ва хиёнат ба амонат аст, ки бидуни шак гуноҳи кабира мебошад.

Инҷо ҳолати дигаре аст, ки шариат барои зан иҷозат медиҳад, напурсида аз пули хона истифода кунад. Агар шавҳар моли шахсии хонумашро аз они худ карда бошад ва илова бар ин занро аз муомилаҳои моли хариду фурушу сада кардан, манъ карда бошад, зан метавонад пули дар дасти шавҳараш бударо, ки дар асл молии шахсии худаш аст, напурсида гирад.

Дар шариати мо зан ҳақ дорад, моли шахсии худашро дошта бошад. Возеҳтарин далел барои исботи ҳаққи молии зан ин оятҳои 11 ва 12 сураи Нисо ҳастанд, ки дар он қисмати мероси занро шариат муаян мекунад. Мувофиқи оятҳои мазкур зан аз падару модар, фарзандон, шавҳар, хоҳару бародар ва ҳатто аз аммаву амуи фавтидааш ҳаққи мерос гирифтанро дорад.

Хеле мавридҳои зиёдеро мушоҳида кардаам, ки зан аз шавҳари худ шикоят карда мегӯяд, тамоми дороии ман ҳатто маоши моҳонаи ман дар дасти шавҳарам ҳаст, ба куҷое, ки хост харҷ мекунад, боз аз ман талаб дорад, оиди пул ҳамроҳаш набояд сӯҳбат кунам.

Шариат танҳо дар як ҳолат иҷоза медиҳад, шавҳар моли шахсии занро ба дасти зан надода худаш муҳофизат кунад, он ҳам агар зан сафиҳ бошад, тарзи дурусти хариду фурӯш ва умуман муносибат бо пулро надонаду ҳар маблағе, ки ба дасташ меояд, ҳамоно нобуд кунад. Дар ин ҳолат шавҳар моли занро муҳофизат мекунад ва ба ҳар ҷое, ки барои зан муфиду муносиб аст, сарф мекунад.

Ин нуктаро Аллоҳ дар китобаш дар ояти 5 сураи Нисо чунин зикр мекунад:

Ба шахсони сафиҳ, онҳое, ки тарзи дурусти харҷи молро намедонанд, пул надиҳед, ҳатто агар моли шахсии худашон бошад.

Албатта ин маънои онро надорад, ки шавҳар бо баҳонаи сафиҳ будани зан ба куҷое, ки хост маблағҳои шахсии занашро сарф кунад, ин хиёнату фиреб аст. Балки шавҳар пулҳои ҳамсарашро, ҳамчун шахси амин нигоҳдорӣ мекунад ва ҳатман ба зану валии зан аз миқдори маблағи зан ва ба куҷо харҷ кардани он хабар медиҳад.

Муслима Аҳмадӣ

Асъор ва иқтисод 22.10

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *