Рубрики Хабарҳо

Афзоиши нархи маҳсулот дар Хатлон

Дар бозору фурӯшгоҳои вилояти Хатлон нархи як килограм шакару қанди сафед якбора аз 6 сомонӣ то ба 10 сомонӣ афзудааст.  Масъулон омили гарон шудани нархҳоро ба болоравии нархи он аз кишварҳои содироткунанда рабт доданд.

Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати хадамоти зидиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба нашрияи Фараж, яке аз омили боло рафтани нархи шакар ва қанди сафедро  дар бозору фурушгоҳои вилоят баланд шудани нархи он дар худи кишварҳои содиркуннада унвон кардааст.

Фирдавси Маҳмадсаид гуфта, ки як тонна шакар, ки пеш ба Тоҷикистон ворид мешуд, 361 доллар арзиш дошт, ҳоло аз 480 то 510 доллар шудааст, ки аз ин ҳисоб соҳибкорон нархро бардоштанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *