Рубрики Хабарҳо

Ҳазрати Хадичаи Кубро

Ҳанӯз 68 сол қабл аз ҳиҷрати ҳазрати паёмбар дуруд бар равонашон, Хадичаи Кубро дар яке аз хонаводаҳои бошарофату бузурги араб  ба дунё омада буданд. Исми падари ин бону Ҳувайлид ибни Асади Қурайшӣ ва модарашон Фотима духтари Зоид ибни Асам. 

Дар ақлу одаб ва фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ он қадар маъруф буданд,ки дигар занони атроф баъзан ҳасад ҳам мебурданд. Шояд ҳамин фаҳму заковати бону буд, ки шоистаи ҳамсарии паёмбар дуруд бар равонашон гардиданд. Ҳамон давраҳо ба ин бонуи фозила мардум ду номи бартариро муносиб дониста буданд, ки яке Тоҳира ва дигаре Саидатул — Қурайш буд. Ҳазрати паёмбар ҳам ҳамвора аз ин бону бо мадҳу сано ёдовар мешуданд, аз дигар модарони мӯъмина бартар медонистанд, зеро зане оқилу комилу аҳли диёнат буданд. Дар ин бора Имом Заҳабӣ ҳам навишта буд. Ҳазрати Хадиҷа (Худованд розӣ бошад) чунон мақоми болое доштанд, ки Худованд ба он ҳазрат салом расондааст. Имом Муҳаммади Боқир (Худо розӣ бошад) мефармояд: “Паёмбар (с) вақте ки аз Меъроҷ бармегашт, ба Ҷабраил (а) фармуд: “Оё ҳоҷате дорӣ?” Ҷабраил (а) арз кард: “Хостаам ин аст, ки аз тарафи Худо ва ман ба Хадиҷа салом расонӣ.”

Чун ин  улгуи шоистаи ислом аз мақоми паёмбар огоҳ шуданду каромоташонро шоҳид гаштанд, бо он ҳазрат дуруд бар равонашон издивоҷ карданд. Ва он ҳангом 28 сол доштанд, ки ақди он ду бузургворро Алӣ ибни Абӯтолиб хонда буданд. Орзумандии  издивоҷ бо Хадичаро мардони номдоре чун  Утба ибни Абӯмуъит, Абӯҷаҳл ва Абӯсуфён низ доштанд, аммо  Хадича  мувофиқат накарда буданд. 

Миёни Муҳаммад (Дуруд бар равонашон) ва Хадичаи кубро алоқаи хешовандӣ ҳам вуҷуд дошт ва  насаби ҳар ду дар Қусай ба ҳам мерасид. Хадича аз ояндаи дурахшони паёмбар дуруд бар равонашон огоҳ ҳам буданд. Пешниҳоди издивоҷро низ худи улгуи шоиста бар он ҳазрат намуда буданд, ки бо мувофиқати амакҳо ин издивоҷро пазируфта буданд. Ин издивоҷ дар як ҷамъи хонаводагӣ суръат гирифт. Дар ин ҳангом ҳазрати Хадича чиҳил сол ва Муҳаммади паёмбар дуруд бар равони покашон бисту панҷ сол синн доштанд. Издивоҷи нахустини он ҳазрат ҳам бо Хадичаи Кубро буд. Ҳазрати Хадиҷа аввалин зане, ки ислом оварда,  аввалин зане, ки намоз хонда, равшанбин, дурандеш ва ба маънавиёт алоқа дошта, ва бо виқору мӯътақид ба ҳақ ва ҳақиқат буданд. Ҳамин шарофат барояшон  бас аст, ки ҳамсари Расули Худо (с) гаштанд, ва ба кӯмаки молиашон  ислом густариш ёфт.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Бартарин занони аҳли биҳишт Хадиҷа бинти Хувайлид ва Фотима бинти Муҳаммад ва Марям бинти Имрон ва Осия бинти Музоҳим мебошанд.”

Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар вақт ки аз озори Қурайш нороҳат мешуданд, ҳазрати Хадиҷа он ҳазратро хушҳолу хурсанд мекарданд.

* * *

Нақши Хадиҷаи Кубро  дар ислом

Улгуи шоиста на танҳо ҳамсари меҳрубону фидокор,  балки пуштибоне содиқу самимӣ бар дини мубинӣ ислом ҳам буданд, ки сабаби дилгармиву оромиши хотири Расули Худо (дуруд бар равонашон) бар муқобили он ҳама фишору мушкилоти даврон мешуданд. Ранҷу заҳматҳои Хадичаро паёмбар (дуруд нисорашон бод) ҳамеша қадр кардаанд ва фаромӯш накардаанд. Ҳатто рӯзе ба дигар ҳамсаронашон гуфта буданд, ки  “Худованд ҳамсаре беҳтар аз Хадиҷа насиби ман накардааст, вақте ки ҳама кофир буданд, ӯ ба ман имон овард ва вақте ки мардум маро инкор мекарданд, ӯ тасдиқ мекард ва вақте ки дигарон маро маҳрум сохтанд, ӯ дороии худро барои ман харҷ кард ва Худованд фарзандоне аз ӯ бароям рӯзӣ кард.”

Ҳазрати  Хадиҷа (с) се сол қабл аз ҳиҷрат ва дар моҳи Рамазон, аз дунё рафтанд  ва  дар кӯҳе, ки дар болои Макка қарор дошта, ба хокашон  супориданд  ва мавқеъи дафн Паёмбар (с) худ вориди қабр шуда буданд. Ин мусибати бузургро боз мусибате зам шуда буд, ки яке аз пайвандони содиқу ёвари паёмбар (дуруд бар равонашон) ҳазрати Абӯтолиб низ тарки дунёи фонӣ намуданд.  Расули Худо (с)  ба ҳамин хотир ҳам ин солро “Омул-ҳузн”, яъне соли мотам ва андӯҳ номиданд. 

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *