Анҷумани русиягии авиатсияи шаҳрвандии «Аэропорт» аз омодагии фурудгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо хабар дод. Аммо мақомоти расмии авиатсионии Русия ҳанӯз ҳеҷ тасмиме дар ин бора эълон накардаанд.
Виктор Горбачёв, мудири кулли Анҷумани русиягии авиатсияи шаҳрвандии «Аэропорт» бо ишора ба оғози парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯзи 28 октябр соли ҷорӣ гуфтааст, ки фуругоҳҳои Русия низ омодаи оғози дубораи интиқоли мусофирон ба кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд шудаанд.
Горбачёв таъкид кардааст, ки акнун мақомоти ҳамлу нақли ҳавоии Русия ва Тоҷикистон мунтазири судури иҷозаи парвозҳои дуҷониба аз сӯи мақомоти беҳдоштӣ мебошад,ки бо риояти тавсиаҳои пизишкӣ дар шароити густариши Ковид-19 анҷом хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Горбачёв заминаи ташхиси мусофирони мубтало ба вируси корона дар фурудгоҳҳои Русия дар муддати як соат пас аз озмоиш фароҳам шудааст. Аммо дар сурати мусбат эълом шудани натоиҷи озмоиш, мусофирон бояд ба муддати ду ҳафта карантина шаванд.
Бо ин ҳол таърихи дақиқе барои азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон таъин нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон карданд мунтазири посухи ҷониби русӣ ҳастанд, аммо ҷониби дигар хомӯширо ихтиёр кардааст. Русяи бо ҳамаи кишварҳои ОМ парвозҳояшро барқарор кард, ба ҷуз Тоҷикистон.
Парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия ба далели густариши вируси корона аз моҳи марти имсол қатъ шуда, танҳо барои хориҷ кардани шаҳрвандони ин ду кишвар чанд парвози чартерӣ анҷом шудааст.