“Ёдам ҳаст, чархбол рӯи хати парвоз мехазад, канори он Эмомалӣ Шарипович медавад ва ба сӯи ман фарёд мезанад: “Сашенка, Сашенка, мо водии Қаротегинро дар даст нигоҳ медорем?” Ман бошам ба самти ӯ фарёд мезанам: “Албатта нигоҳ медорем!”
«Эмомалӣ дӯсти меҳрубони ман аст. Ман ӯ ва хонаводаашро хуб мешиносам. Дар интихобот бештар аз 91 дар сади овозҳоро ба даст овард, ки комилан одилона аст… Раҳмон бо ҷанг ба Душанбе ворид шуда буд”.
Ин ду иқтибос аз забони ду нафаре садо дод, ки яке дар ба қдрат расондани Эмомалӣ Раҳмон саҳм доштааст, дигаре аз охирин дӯстони раисҷумҳури Тоҷикистон байни раҳбарони давлат аст.
Иқтибоси аввалӣ аз забони Александр Чубаров, муовини вақти Владимир Квачков, фармондеҳи бригадаи 15-уми спетснази ГРУ ҳавзаи ҳарбии Туркистон дар соли 1992 аст, ки бо кӯмак ба “Фронти халқӣ” ва қатли даҳҳо ҳазор тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овардааст. Қаблан Квачков низ ба ҳамин монанд ҳарфҳоро зада буд ва таъкид мекард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди Сангак Сафаров ва дастгирии бригадаи 15-уми спетснази ГРУ сари қудрат омадааст.
Иқтибоси дувум аз забони Александр Лукашенко, охирин диктатори Аврупост, ки қаблан ҳам гуфта буд Раҳмонов пулемёт дар аст вориди Душанбе шудааст. Яъне ба пойтахти кишвари худаш бо кӯмаки артишу силоҳи хоҷагони хориҷиаш ҳамлаи мусаллаҳона кардааст. Аслан ин як факти таърихист, мақолаву таҳлилҳои зиёде дар ин бора навишта шудааст ва касе онро инкор намекунад. Ва мавъи мо ҳам ҳоло ин нест.
Мавзӯъи мо дӯстони қаблӣ ва феълии Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Ҷенерол Чубаров, ки ҳоло бознишаста шудааст ва дар рӯзноманигор ҳам ӯро дар кӯчаҳои Маскав қадамзананда пайдо кардааст ба суоли рӯзноманигор, ки мепурсад шумо барои раисҷумҳур шудани Раҳмонов кумак кардаед, чунин посух медиҳад:
“Бо ман бештар сардори фармондеҳони саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров дар тамос буд. Боре Сангак гуфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон худи ӯ неву як директори совхоз, ки дарсхондатарин нафар дар Тоҷикистон аст, мешавад. Ва Раҳмонро нишон дод”.
Ин ҳам усули ҳарфзании як ҷенероли мустаъфӣ дар бораи раисҷумҳури як кишвар. Бо истеҳзо ва таҳқир. Дар гумон аст афсари баландпояи яке аз қавитарин созмонҳои ҷосусии ҷаҳон надонад, ки Раҳмонов Донишоҳи аграрии Тоҷикистонро қариб дар 30-солагӣ ва ғоибонаву базӯр тамом кардааст. Дар инҷо бо истеҳзо ба Сангаку Раҳмонов мегӯяд “дарсхондатарин нафар дар Тоҷикистон”.
Истеҳзову таҳқири ӯ бо ҳамин тамом намешавад. Ӯ мегӯяд вақте маро дар Ғарм маҷрӯҳ карданду бо чархбол интиқол медоданд “канори он Эмомалӣ Шарипович медавад ва ба сӯи ман фарёд мезанад: “Сашенка, Сашенка, мо водии Қаротегинро дар даст нигоҳ медорем?” Яъне раисҷумҳури як кишвар аз паси афсари артиши кишвари дигар медавад ва бо илтиҷо аз ӯ мепурсад, ки оё ӯ дар нигоҳ доштани қисмате аз қаламрави кишвараш кӯмак мекунад.
Қаблан Владимир Квачков ҳам бо ҳамин усул, яъне таҳқиру истеҳзо дар бораи чӣ гуна дар Тоҷикистон ба сари қудрат овардани Раҳмонов ҳарф зада буд. Ӯ бо масхара гуфта буд Сангак раиси колхозеро бо номи Эмомалӣ Раҳмонов оварда ба намояндагони Маскаву Тошканд чун раисҷумҳури ояндаи Тоҷикистон муаррифӣ карда буд. Квачков бо истеҳзо аз Раҳмонов “Эмомалишка” ном мебарад. Ҳеҷ вокунише аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ба он гуфтаҳои Квачков дида нашуд ва то ҳанӯз ҳам мақомот об ба даҳон нишастаанд. Дар гумон аст, ки ба гуфтаҳои Чубаров ҳам замоне эътироз кунанд.
Аммо чаро ду афсари кишвари дигар ба худ иҷоза медиҳанд раисҷумҳури як кишварро ба масхараву истеҳзо кашанд ва ҳеҷ як мақоми кишвари “дар ҷаҳон шинохташуда” ҷуръат намекунад ба ин афсарон эътироз кунад?
Зеро онҳо рост мегӯянд. Раиси як колхози муфлису қарздор орзуи на танҳо раисҷумҳурӣ, ҳатто раиси як ноҳияро ба худ раҳ намедиҳад, вале аз куҷое як қумондони одамкуш пайдо мешаваду ӯро аз паси гиребонаш гирифта кашон кашон ба назди афсарони русу ӯзбак мебарад ва чун раисҷумҳури ояндаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Магар хушбахтие бузургтар барои оне, ки то чанд сол пеш аз завод равған медуздиду ҳоло коҳҳои колхозро мефурӯхт ин ситорае аз осмон нест? Магар ин ду афсари қотил, ки дар Афғонистону Тоҷикистон танҳо тоҷиккушӣ кардаанд барои ин дузди кучак фариштаи наҷот нестанд, ки ба дасташ калиди як кишварро медиҳанд? Чӣ гуна ӯ метавонад ҳатто баъди 30 сол алайҳи онҳо эътироз кунад?
Шояд ҳамчунон, ки Ислом Каримовро аввал “отамиз” мегуфту дар охир алайҳаш садо баланд мекардагӣ шуд, метавонист алайҳи ин ду афсари рус ҳам эътироз кунад. Аммо зоҳиран инҷо сирре нуҳуфта аст. Раҳмонов медонад, ки агарин ду афсарро дурӯғгӯ хона онҳо шояд сирҳои дигари байнашонро ифшо кунанд. Шояд нашри мусоҳибаи ин ду афсар ва ҳатто аз зиндон озод шудани Квачков тасодуфӣ нест ва русҳо ба Раҳмони ба оғӯши Чин раванда хотиррасон мекунанд, ки аз куҷо омадаву дастнишондаи кист.
Ҳамин таҳқирҳо дар Эмомалӣ Раҳмон як уқдаи худкамбинӣ дар хориҷ аз кишвар пайдо кардааст ва ӯ ҳамеша дар ҳама маҳфилҳои ҷаҳонӣ худро камтар аз дигарон мебинад. Мехоҳад бо гирифтани дасти ҳамтоёнаш ва дастбадаст қадам задан бо онҳо ин уқдаро аз худ дур кунад, вале то ҳол муваққақ нашудааст. Аз тарафи дигар дастдарозии ҳамешагӣ ба хориҷ бо талаби кӯмак, дархостҳои бепоёни Вазорати хориҷа ба аксари кишварҳои дунё бо илтиҷои як боракак қабул кардани “пешво”, забони ӯро кӯтоҳтар кардааст. Ин аст, ки мехоҳад ин уқдаро дар дохил бо таҳқири мардуми худ, бо пешвову асосгузору наҷотдиҳанда номидани худ ҷуброн кунад.
Аммо дӯсти ягонаи ӯ “Батко”
Шумори диктаторҳо дар ҷаҳон бо суръат кам мешавад. Ҳатто дар минтақаҳои диктаторпарваре чун Африқо ва Осиёи Марказӣ. Пайдо кардани дӯсте байни раисҷумҳурҳои кишварҳои озод барои як диктатор кори осон нест. Дӯстӣ бо диктаторҳо барои президентҳои бо интихоби мардум сари қудратомада ва аз раъйи мардум вобаста, авоқиби хуб надорад. Интихобкунандагони онҳо метавонанд ин суолро ба рӯяш бикашанд, ки бо кадом далел ту меравӣ бо фалон диктатори мардумкуш садокуш кӯмак ё ҳатто дӯстӣ мекунӣ? Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд соли охир ба ҳеҷ кишваре даъват намешавад, ба ҷуз кишварҳои ИДМ. Он ҳам барои нишастҳои якҷоя.
Хонандаи азиз ҳатман мушоҳида кардааст, ки агар дар деҳае, шаҳре, ҳатто ноҳияе ду дузд, ду фосиқ, ду хабаркаш, ду золим, ду ради маърака ва ғайра ҳастанд, онҳо ҳатман ҳамдигарро пайдо мекунанд ва дӯст мешаванд. Ва дӯстиашон ҳам дар аксар ҳолат як дӯстии самимӣ ва воқеъӣ аст.
Шумо ин ро бубинед ва ҳатман мушоҳида хоҳед кард, ки чи гуна Лукашенко бо самимият дар бораи дӯстиаш бо Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки 91 дарсад овоз гирифтани дӯсташ комилан одилона аст.
Диктотурҳо албатта ҳанӯз бо Лукашенко тамом намешаванд ва дар чанд кивари дигаре сари қудрат мондаанд. Вале ҳарчанд онҳо худ диктотуранд ҳамтояшон дар як кивари дурафтодаву қашшоқ ҳеҷ ҷолибияте барояшон надорад.
Имрӯз зарбулаҷали мухолифини Белорус ба Лукашенко тамом шуд ва шояд чанд рӯзи дигари ҳукуматаш боқӣ мондааст. Чанд рӯз баъд Эмомалӣ Раҳмон ягона дӯсташ аз байни ҳамтоёнашро аз даст хоҳад дод. Баъди ин бо ӯ танҳо раисони кишварҳое даст хоҳанд доду паси миз хоҳанд нишаст, ки ё манфиъате аз раисҷумҳур буданаш доранд ё фарҳанги ҳамсоягӣ иҷоза намедиҳад аз даст додан бо ӯ парҳез кунанд. Шумори ин кишварҳо ҳам аз чандто бештар нестад.
Сафарҳои хориҷии Эмомалӣ Раҳмон ҳам акнун бо чанд қадам аз сарҳади кишвар маҳдуд хоҳад шуд.