Рубрики Хабарҳо

Ду созмон ба “Гурӯҳи 24” пайвастанд

Дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Гурӯҳи 24, ки дар Кёлни Олмон баргузор шуд, созмонҳои “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва “Озодӣ ва Адолат” пурра ба Гурӯҳи 24 мулҳақ шуданд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” баъди пайвастани созмонаш бо Гурӯҳи 24, намояндаи ин гурӯҳ дар кишварҳои ИДМ баргузида шудааст.

Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24 дар сӯҳбат бо Паём пайвастани ду созмон ба Гурӯҳи 24-ро тасдиқ кард, аммо аз шарҳи барномаи минбаъдаи ин гурӯҳ худдорӣ кард. Ӯ гуфт барномаи Гурӯҳи 24 ва шумори аъзои он сиррӣ боқӣ мемонад.

Ӯ гуфт дар нишаст ҳудуи 50 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳ ширкат кардаанд.

Дар нишаст худи Ризоӣ, Низомиддин Насриддинов, Ҳусейн Ашӯров, Сайидалӣ Ашӯров ва дигарон баромад кардаанд. Ҳамчунин раҳбари Гурӯҳи 24 Сӯҳроб Зафар, раҳбари собиқи созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ва намояндаи ин Гурӯҳ дар Туркия Насим Шарипов тариқи онлайн суханронӣ кардаанд.

Дар ин нишаст Гурӯҳи 24 тасмими таъсиси намояндагии ҷадид дар Туркияро ҳам гирифтааст, ки ба ҳайси намояндаи он дар ин кишвар Насим Шарипов интихоб шудааст.

Ҳамчунин Гурӯҳи 24 намояндаҳояш дар Олмон ва Русияро иваз карда, ба ҷои Меҳрубон Сатторов дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон ва ба ҷои Хусрав Раҳмонӣ дар Олмон Муҳаммадраҷаб Саидалиевро таъин кардааст.  

Сайидалӣ Ашӯров сухангӯи Гурӯҳи 24 таъин шудааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *