Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 5 ноябр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 12 сомониву 77 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 10 сомониву 34 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12 сомониву 4 дирам дирам арзёбӣ кардааст.
Пас аз тасҳеҳ ё худ коррексияи қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, тавре интизорӣ мерафт, пули миллии сомонии Тоҷикистон дар бозори мубодилаи асъори нақд беқурб шуд.
Қурби хариду фурӯши доллари нақд имрӯз дар “Бонки Эсхата” мутаносибан дар сатҳи 11сомониву 31 дирам то 11 сомониву 33 дирам, “Бонки Арванд” аз 11 сомониву 32 дирам то 11 сомониву 33 дирам ва дар Аввалин бонки молиявии хурд – 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 33 дирам муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки аксарияти бонкҳои кишвар бо сабаби камёфтии доллар кайҳо инҷониб ин асъорро намефурӯшанд, вале бо майли том онро мехаранд.
Сомониро ба доллар танҳо дар якчанд бонкҳо иваз мекунанд ва он ҳам ба таври хеле маҳдуд – то 200 доллар ба 1 нафар.
Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ якчанд нафар дар як рӯз аз ин бонкҳо доллар гирифта метавонанд ва барои гирифтани он пешакӣ бояд дар навбат худро номнавис кард ва интизор мебояд шуд, ки кай даъват мекунанд. Ин кор якчанд рӯз тӯл кашида метавонад.
БМТ бо назардошти вазъият дар бозори ғайрибонкӣ, чанде пеш тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба долларро якбора ба андозаи 9,4 дар сад анҷом дод ва аз ин рӯ, ин бозор ду рӯз боз дар ҳолати интизорӣ қарор дорад.
Тибқи баъзе маълумот, аз дирӯз инҷониб саррофон, ё худ валютчикҳо дар бозори сиёҳ аз ивази доллар ба сомонӣ худдорӣ намуда, чӣ гуна минбаъд сурат гирифтани вазъиятро дар бозори асъор мунтазиранд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли 2016 мубодилаи асъор дар Тоҷикистон танҳо дар муассисаҳои бонкӣ анҷом дода мешавад. То ин вақт қонунгузорӣ ба ҳама гуна шахси воқеӣ ҷиҳати кушодани нуқтаи мубодилаи асъор дар баробари бонкҳо ва дигар ташкилотҳо иҷоза медод.
Чор сол пеш дар қонунгузорӣ ҷазо барои баргузории амалиёт бо асъор дар нуқтаҳои ғайрибонкӣ то маҳрумият аз озоди ба муҳлати 9 сол бо мусодираи амвол сангинтар шуда, лекин бо вуҷуди ин, қисмати асосии асъор дар бозори ғайриоқонунӣ иваз мешавад.
Доллар дар “бозори сиёҳ” то тасҳеҳи дирӯзаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба ин асъор 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 50 дирам барои 1 доллар нарх дошт.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш, рӯзи 4 ноябр Бонки миллӣ тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ анҷом дода, онро якбора ба андозаи 9,3 дар сад аз 10 сомониву 33 дирам то ба 11 сомониву 30 барои 1 доллар тағйир дод.
*******
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1917 доллару 51 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
******
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 41 доллару 21 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 39 доллару 05 сент муомила шуд.
******
Дар партави авҷгирии пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар соли 2021 дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 14дар сад кам мешавад.
Дар ин бора Бонки Ҷаҳонӣ дар нави худ оид ба масоили муҳоҷират ва рушд.
хабар дода қайд кард, ки миқёси муҳоҷирати байнулмилалӣ бори нахуст тайи даҳсолаи охир кам мешавад.
Мувофиқи ҳисобҳои нави коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна 7 дар сад коҳиш ёфта, 508 млрд долларро ташкил медиҳад ва соли 2021 ба андозаи 7,5 дар сад — то 470 млн доллар кам мешавад.
Афзоиши сусти суръати рушди иқтисод ва сатҳи пасти шуғл дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, нархҳои паст ба нафт ва поинравии қурби асъор дар кишварҳое, ки аз он бо доллар пул интиқол меёбад, аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои коҳиши интиқоли пул номбар шудаанд.
Гуфта мешавад, интизор меравад, ки коҳиши интиқоли пул дар давраи солҳои 2020-2021 ба ҳамаи минтақаҳо таъсир хоҳад расонид.
Коҳиши бештарин дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мутаносибан ба андозаи 16 дар сад дар соли 2020 ва 8 дар сад — дар соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Дар идома Осиёи Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором (мутаносибан 11дар сад ва 4 дар сад), Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ (6дар садӣ), кишварҳои Африқо дар ҷануби Сахара (9дар сад в 6дар сад), Осиёи Ҷанубӣ (4дар сад ва 11дар сад), Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб (0,2дар сад ва 8дар сад) қарор доранд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки бар асари пандемия ва поинравии нархи нафт аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми интиқоли маблағ қариб дар ҳамаи кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо нишондиҳандаҳои дурақама коҳиш меёбад.
Ба иттилои манбаъ, ин омил ҳамчунин ба поинравии қурби рубли Русия низ боис мегардад.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 15 дар садкам шуда, 999 млн долларро ташкил дод.
Коҳиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ба камшавии муҳоҷират вобаста аст.
Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари пандемияи коронавирус нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон 57% кам шудааст.
Бино ба маълумоти расман тасдиқношуда, аз аҳолии 9 миллионнафараи Тоҷикистон зиёда аз 1 млн нафарашон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи қариб 40 дар сад коҳиш ёфт.
Дар давраи моҳҳои январ-июн шахсони хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон 681 млн доллар маблағ фиристоданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 430 млн доллар камтар аст, зикр гардида буд дар маълумоти Бонки марказии Русия.
******
Дар ҳашт моҳи гузашта 571 ҳазор тонна гандум ба арзиши 140 миллиону 200 ҳазор доллар аз хориҷ ва ба вижа аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ҳосили гандум дар Тоҷикистон аз оғози имсол то аввали моҳи ноябр ба 847 ҳазору 417 тонна расидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 ҳазор тонна бештар аст.
Назар ба гуфти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин миқдор гандум аз 268 ҳазор гектар замини зери кишти ин маҳсул бардошт шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат дар Тоҷикистон 435 ҳазор тонна донагӣ бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 60 ҳазор тонна бештар аст.
Бо ин ҳол Идораи давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 571 ҳазор тонна гандум ба арзиши 140 миллиону 200 ҳазор доллар аз хориҷ ва ба вижа аз Қазоқистон ба ин кишвар ворид шудааст.
Тоҷикистон солона ба беш аз ду миллион тонна орд ва гандум ниёз дорад, ки нисфи аз ин маҳсулот аз роҳи воридот таъмин мешавад. Нархи ҳар халата орди 50 килоии тавлиди дохилӣ дар бозорҳои Тоҷикистони 250 сомонӣ ( муодили 25 доллар) ва орди қазоқистонӣ 270 сомонӣ ( муодили 27 доллар ) аст, ки соли қабл низ 170 сомонӣ буд.
******