Рубрики Хабарҳо

ҶСК “Азот” боз бесоҳиб монд

Ҳукумати Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати чинии “Хэнан Чжун-Я, Гурӯҳи холдингӣ” оид ба навсозӣ ва роҳандозии корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбомидро, ки дар асоси ЧСК “Азот”, ки се сол пеш баста шуда буд лағв кард. 

Сабаби чунин тасмими ҳукумат иҷро нагаштани ӯҳдадориҳо аз тарафи ширкати чинӣ унвон шудааст. Ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар кишвар, ки дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон қарор дорад, дубора бесоҳиб монд. Ин корхонаро ҳукумат баъди боздошти соҳибкори маъруф Зайд Саидов давлатӣ карда буд.   

Ин корхона соли 2001 аз тарафи Зайд Саидов ва миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ хусусӣ карда шуда буд. Он замон 75 дарсади саҳмияҳои ҶСК “Азот” ба Дмитрий Фирташ, 20%-аш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и он ба писари Саидов Хайрулло таъаллуқ гирифт. Баъди қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон, ки корхона бо он фаъолият мекард, идомаи истеҳсолот дар он ғайриимкон гардид ва аз кор бозмонд.  

Баъди боздошти вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки мутаносибан дар ҳамин давра Фирташ ҳам аз тарафи ҳукумати Укроин  зери таъқиб қарор гирифт ва ба хориҷ фирор кард, ҳукумтаи Тоҷикистон тамоми моликияти корхона бо шумули таҷҳизоти нави воридкардаи сармоягузори укроинӣ давлатӣ эълон кард. 

Сентябри соли 2016 байни ҳукумтаи Тоҷикистон ва ширкати чинии “Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ” шартномаи ҳамкорӣ оид ба навсозӣ ва бакорандозии ин корхона шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид.  Тибқи он ширкати чинӣ муваззаф шуд барои бозсозии ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ $360 млн сармоягузорӣ кунад. Тибқи ин созишнома 50%+1 саҳмияи корхона ба ширкати чинӣ ва мобақияш ба ҳукумати Тоҷикистон таъаллуқ гирифт. 

Аммо тибқи иттилоъи мақомот, ширкати чинӣ то ҳол масъулияти ба дӯшаш гирифтаро иҷро накардааст. Яке аз шартҳои созишнома ин буда, ки корхона ба фаъолият бо ангишт гузарад. 

Ҳоло интиқоли гази Ӯзбекистон аз сар гирифта шуда ва ҳукумат аз нияти баргардонидани фаъолияти ҶСК “Азот” ба ангишт ҳам даст кашидааст. Дар ҳамин ҳол, қубурҳои интиқоли газ ба ин корхона қисман корношоям ва қисман дуздида шудаанд. Сармоягузори нави он, ки ҳоло ҳукумат ба ҷустуҷӯяш пардохтааст, бояд қубурҳои газрасон аз Ёвон то Левакандро аз нав барқарор кунад. 

Сармояе, ки ҳукумат мегӯяд бояд барои ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ҷалб шавад,  $350 млн-ро ташкил медиҳад. 

Коршиносон ба ин назаранд, ки бо дарназардошти муносибати мақомоти Тоҷикистон бо сармоягузорон, аз ҷумла бо Дмитрий Фирташ ва Зайд Саидов, дар гумон аст, ки сармоядоре ба харидани ин корхона ҷуръат кунад.    

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *