11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

«Афтиши озод»-и сомонӣ идома хоҳад кард?

Абдуманнон Шералиев

Билохира ҳукумат маҷбур шуд қурби сомониро бо бозори сиёҳ баробар кунад. Сабабашро ҳам ҳамон гуна, ки ҳаст шарҳ додааст — камтар кардани таъсирҳои қурбӣ, аз байн бурдани фарқи байни қурби бонкиву бозор ва ғайра.

Бо ин шарҳаш Бонки миллӣ на танҳо вуҷуди бозори сиёҳро эътироф намуд, балки таъсири бузурги он ба системаи бонкии кишварро ҳам тасдиқ кард. Ҳанӯз ду сол қабл гуфта будем, ки тасмимҳои Бонки миллӣ дар робита ба бозори асъор худи ин ниҳодро ба мушкили зиёд, аз ҷумла вобастагӣ ба бозори сиёҳ, камбуди асъор дар бонкҳо, фарқи ҳамешагии қурби расмиву ғайрирасмӣ ва ғайра дучор хоҳад кард ва бонк маҷбур ба бозбинии баъзе тасмимҳояш мешавад.

Ҳоло тасмимҳо танҳо қисман ва бо дарназардошти вазъият бозбинӣ мешаванд (мисли ҳамин поёнбарии 10%-ии қурби пули миллӣ), вале ин ҳолат ҳам дер давом нахоҳад кард. Бозор (дар ин мавзӯъ ва ҳолати Тоҷикистон — бозори сиёҳ) ҳамеша ба ҳаводис зудтар аз мақомоти давлатӣ вокуниш мекунад ва ниҳоди давлатӣ наметавонад бо бозор рақобат кунад, агар худро аз он ҷудо кардааст. Яъне Бонки Миллӣ ҳаргиз қодир нахоҳад шуд бо бозори сиёҳи бавуҷудомада ва торафт қувватгиранда рақобат кунад.

Пас, оё ҳамин тасмими БМ мабнӣ бар ин ки қурби расмиро бо қурби бозори сиёҳ баробар кунад, кӯмаке ба давлат хоҳад кард ва мавқеъи бозорро заиъфтар хоҳад намуд?

Мутаассифона, на аниқтараш хушбахтона, бозорро намешавад бо фишор назорат кард. Ин мақомот аст, ки бояд худро бо бозор мутобиқ кунад, на баръакс. Ҳадафи ҳукумат аз маҳз дар ҳамин марҳала поён бурдани қурби пули миллӣ ба чанд омил бастагӣ дорад ва аслан имкон надошт, ки аз ин бештар қурби сомонӣ дар ҳамон сатҳи то 4 ноябриаш нигоҳ дошта шавад.

Омили аввал ва асосӣ ниёзи шадиди бахши расмии воридот ба асъори хориҷӣ аст. Камбуди асъор дар бонкҳо воридоти расмиро зери хатар бурдааст ва дар сурати идома кардани ин ҳолат, ҳамин қисми боқимондаи воридоти расмӣ низ метавонад ба бозори сиёҳ равад. Дар натиҷа ин ба даромади буҷа ва нишондиҳандаҳои ММД таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Зарур медонам инҷо ҳамин мавзӯъро барои хонандаи аз иқтисод ноогоҳ шарҳ диҳам. Воридоти расмӣ ва ғайрирасмӣ аз ҳам чӣ фарқ доранд? Воридоти расмӣ бо иштироки бонк сурат мегирад ва пул аз як кишвар ба кишвари дигар тавассути бонк интиқол мешавад. Дар ин ҳолат пинҳон доштани воридот тақрибан ғайриимкон аст ва воридкунанда маҷбур аст аз ҳамаи ҳаҷми воридоташ андоз ва боҷи гумрукӣ супорад. Аммо барои воридоти ғайрирасмӣ пул ё бо роҳи қочоқ аз кишвар берун бурда мешавад ё пулҳое истифода мешаванд, ки бо роҳи “перекидка” ба кишвар интиқол меёбанд. Масалан як нафар пули 20 муҳоҷирро дар Русия барои интиқол ба кишвар мегирад ва онро ба интиқолдиҳандаи мол аз Русия ба Тоҷикистон медиҳад. Дар иваз ин импортёр ҳамон маблағро дар Тоҷикистон ба хонаводаи муҳоҷирон мерасонад. Ҳаракати пул аз кишвар ба кишвар сурат намегирад, аммо дар воқеъ ин амр иҷро шудааст. Импортер дар ин сурат бо додани ришва ба мақомдори гумрук метавонад қисман ва ҳатто пурра моли воридотиашро пинҳон кунад ва боҷу андоз насупорад.

Омили дуввум ниёзи шадиди давлат ба асъори хориҷӣ барои баргардонидани қарзҳояш аст. Замони пардохти қарзҳо одатан тирамоҳ фаро мерасанд ва ҳамин аст, ки дар кишварҳои қарзгиранда қурби пули миллиашон ҳамеша дар тирамоҳ ба лағжишҳо мувоҷеҳ мешавад. Давлат бояд барои баргардонидани қарзҳо садҳо миллион доллар асър харидорӣ кунад, аммо касе ба бонкҳо асъор намефурӯшад, чун қимати он аз бозор 10% фарқ мекунад. Ин аст, ки маҷбур шуд қурби бонкро бо бозор баробар созад, то тавонад маблағи заруриро бихарад.

Аммо бо чанд сабаб ин тасмим кӯмаки чандоне ба давлат нахоҳад кард ва сабаби афтиши бештари қурби пули миллӣ хоҳад шуд:

1. Бинобар бӯҳрони иқтисодӣ ва бо шиддат кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон, асъор дар кишвар аз ончӣ зарур аст хеле камтар мебошад ва ҳатто агар ҳама аз бозори сиёҳ рӯ ба бонкҳо оранд, давлат наметавонад маблағи заруриро пайдо кунад;

2. Ҳамин сабаб, яъне камбуди асъор бозори сиёҳро водор месозад қурби пули миллиро поёнтар аз бонк барад, то ниёзашро бароварда созад. Дар натиҷа фарқи байни бозори сиёҳ ва бонкҳо дубора ва зуд барқарор мешавад. Аз қавонини бозор аст, ки “ҳарчӣ камтар шуд, қиматаш болотар меравад”;

3. Монополияи ивази асъор ва бо сомонӣ пардохт кардани пулҳои интиқолдодаи муҳоҷирон, интиқолҳоро ҳам ба бозори сиёҳ кӯчондааст. Яъне аксари асъори интиқолшаванда бо роҳҳои ғайрирасмӣ интиқол мешавад ва дар дасти саррофони бозори сиёҳ қарор мегирад. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ин пулҳоро ба бонкҳо нахоҳанд бурд;

4. Ҳам интиқол ва ҳам ивази асъор дар бозори сиёҳ кайҳо шакл гирифтааст, осонтар, каммасрафтар ва камхавфтар мебошад ва дар гумон аст, ки касе бонкҳои аз бовариаш баромадаро ба бозор тарҷеҳ диҳад…

Омилҳо бештаранд, аммо барои дароз нашудани матлаб, бо ҳамин иктифо мекунем.

Бо ин қарору тасмимҳои якдафъаина, ки ҳукумат мегирад, намешавад ниёзҳои ҳатто якдафъаинаро бароварда сохт ва кишварро аз бӯҳрони ҳамешагии камбуди асъор ва фарқи қурби бозору бонкҳо наҷот дод. Бозор фишору назоратро дӯст надорад ва ҳамеша бо он вокуниши тунд нишон медиҳад.

Ҳадафи давлат аз зери назорат гирифтани қурби пули миллӣ албатта нигоҳ доштани он аз лағжишу афтишҳои бузург зери таъсири ҳаводис аст, аммо дар инҷо ҳам имкониятҳои Тоҷикистон ба ин кор иҷоза намедиҳанд. Кишварҳое, ки чунин тасмим гирифтаанд ва тавонистаанд қурби пули миллашонро зери контрол нигоҳ доранд, аз Тоҷикистон ҳади ақал дар як масъала фарқ мекунанд: фарқ байни содироту воридоти онҳо зиёд нест ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба камбуди асъор мувоҷеҳ намешаванд. Дар Тоҷикистон ки 70 дарсади содирот ва дар натиҷа воридоти асъорро содироти қувваи корӣ ташкил медиҳад, ҳама чиз вобаста аз омилҳои беруна, аз ҷумла иқтисоди Русия ва ҳатто қимати нафт аст, ки Тоҷикистон на истеҳсол мекунад ва на коркард.

Хулоса, бо ҳамин 10% поён бурдани қурби пули миллӣ мушкилоти ҳатто пешорӯ ҳал намешавад ва ин кор минбаъд бо суръати бештар аз қабл такрор хоҳанд шуд. Ин қурби навро давлат метавонад ҳадди аксар то баҳор нигоҳ дорад ва баҳорон маҷбур хоҳад шуд, ки онро дубора ва дар ҳамин сатҳ, ё ҳатто бештар аз он поёнтар барад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *