Радиои Озодӣ бо истинод ба нашрияи “The National Herald” аз боздошти ҷавони 27-солаи тоҷик дар Юнон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъи ДОИШ хабар додааст. Мақомоти пулиси ин кишвар гуфтаанд, ки боздоштшуда худро домоди раҳбари мухолифини тоҷик медонад.
Ин ҷавон, ки соҳиби 4 фаранд гуфта мешавад бо дархотсти пулиси байналмилалии Интерпол дар шаҳри Триполиси Юнон рӯзи 4-уми ноябр боздошт гардидааст.
Ӯ чун муҳоҷири ғайриқонунӣ соли 2017 вориди Юнон шудааст ва ба дарёфти паноҳандагӣ дар ин шудааст.
Паём маълум кард ӯ язнаи раҳбари Ҷумбиши мардумии Истлоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев будааст.
Гадоев ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки воқеъан шавҳари хоҳараш аст, аммо чун онҳо баъди тарки Тоҷикистон кардани Гадоев издивоҷ кардаанд, намешиносад. Раҳбари Ҷумбиши ИРТ рабти язнааш ба мухолифинро низ рад кард ва гуфт на дар созмони зери раҳбарии ӯ ва на ҳеҷ созмони мухолифи дигаре узвият надошт.
Гадоев ҳамчунин гуфт агар дархости боздошт бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ аз ҷониби Тоҷикистон ирсол шудааст, бо гумони ғолиб парванда қалбакӣ ва сохта аст, чун мақомоти Тоҷикистон ҳар нафареро, ки дар Туркия зиндагӣ кардаву камтарин равобите
Боздоштшуда то соли 2017 дар Туркия истиқомат дошта ва номаш ҳам боре бинобар рабуда шудани шиносномааш аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар расонаӣ шуда буд. Ӯ ба мақомоти Юнон гуфтааст, ки дар ватанаш таҳти таъқиб қарор дошт.
Пулиси Юнон аз мақомоти тоҷик дар бораи ин ҷавон маълумот хостааст.