Рубрики Хабарҳо

Омодагии фаластиниён барои баргузории роҳпаймоии миллионӣ дар Рӯзи Накса

Фаластиниён ба муносибати фаро расидани панҷоҳуякумин солрӯзи оворагии мусулмонони аз меҳани худ, ки ба «Рӯз Накса» мавсум аст роҳпаймоии миллионӣ дар Ғазза баргузор хоҳанд кард.

Кумитаи олии ҳамоҳангкунандаи роҳпаймоии бозгашт ва шикасти муҳосираи Ғазза бо интишори баёнияе эълом кард, ки ба муносибати фаро расидани панҷоҳуякумин солрӯзи оворагии мусулмонон аз меҳани худ, ки ба «Рӯз Накса» мавсум аст, роҳпаймоӣ бо ҳузури миллионҳо нафар дар Ғазза баргузор хоҳанд кард.

Дар ин баёния омадааст: «роҳпаймоии “бозгашти бузург” то замони расидан ба аҳдофамон ба сурати сулҳомез идома хоҳад дошт. Бар ин асос интизор дорем дар роҳпаймоии миллионии солрӯзи Накса дар рӯзи ҷумъа, ҳаштуми июн, ҳузури густурдае сурат гирад. Ба миллати худ, ки дар роҳпаймоиҳои бозгашти бузург дар ҳар минтақае, ки ҳастанд ба вижа дар арози ишғолии Фаластин ва Каронаи бохтарӣ, ширкат мекунанд дуруд мефиристем.»

Дар ин баёния ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ ва тарафҳои тавофуқномаи Женева хоста шудааст барои муохизаи Исроил ба хотири ҷиноёти ҷангӣ алайҳи ходимони пизишкӣ, хабарнигорон ва инсонҳои бегуноҳ дар додгоҳи кайфарии байналмилалӣ, иқдом кунанд.

Гуфтанӣ аст, ки Исроил дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 Каронаи бохтарӣ, Қудси шарқӣ, Ғазза, теппаҳои Ҷӯвлон ва шибҳи ҷазираи Синоро ба ишғол худ даровард. 5 июни ҳар сол, ки мусодиф бо оғози ҷанги шашрӯза аст, аз сӯи фаластиниҳо бо унвони «явмулнакса», яъне рӯзи аз даст додани замин номгузорӣ шудааст. Фаластиниҳо Наксаро думболаи «явмалнакба», ки Исроил дар соли 1948 истиқлоли худро дар он ба даст оварда, медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *