Асъор ва иқтисод 20.11.2020
Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 20 ноябр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 72 дирам нишон дода шудааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 37 дирам то 13 сомониву 60 дирам арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 40 дирам арзёбӣ кардааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1868 доллару 22 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 44 доллару 50 сент муъомила шуд.
Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар назди дастгоҳи сарвазири Туркия (ТИКА) тасмим гирифтааст, то охири соли 2020 ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ғурфаҳои муосири намоишгоҳиро, ки аз 1100 метри мураббаъ иборат аст, тақдим намояд.
Дар маросими баимзорасонии Протокол, ки дар Душанбе доир гардид, ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир гуфт, ки дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад гузош.
У гуфтааст, «Бо баргузории намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ иқтидори мамлакат фаъол ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок тарғиб мегардад».
Гуфта мешавад, ғурфаҳои муосир, ки аз ҷониби ТИКА тақдим мегарданд, фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро тақвият мебахшанд ва имконоти ҳамкории байналмилалии палатаро афзун менамоянд.
Алҳол дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тақрибан 500 метри мураббаъ ғурфаи намоишӣ мавҷуд буда, қисми зиёди онҳо корношояму фарсуда гаштаанд. Аз ин рӯ, бисёр намоишҳои байналмилалӣ ё гузаронида намешаванд ё бо ширкати иштирокчиён дар доираи имконоти мавҷуда баргузор мегарданд.
Дафтари барномаи ТИКА дар Душанбе соли 1995 ба фаъолият шурӯъ намуда, тақрибан 400 лоиҳаи рушд ва ҳамкории техникиро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, обтаъминкунӣ, таълими касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ татбиқ намудааст.
Зимни як байнулмилалӣ тариқи онлайн муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода изҳор дошт, ки тайи солҳо охир нақшаҳои генералии беш аз 90% шаҳру маркази ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ шудаанд.
Раҳматуллозода гуфтааст, “Дар ҳамин ҳол, дар робита ба 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, бо мақсади сарфаи замин тасмим гирифта шуд, ки зимни сохтмон ба биноҳои баландошёна афзалият дода шавад”.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахти ҷумҳурӣ хонаҳои 2-4-ошёна тахриб шуда, ба ҷойи онҳо биноҳои муосири аз 9 то 18-ошёна, инчунин биноҳои 25-30-ошёнаи таъиноти маъмурӣ-ҷамъиятӣ сохта мешаванд.
Раҳматуллозода ҳамчунин хабар дод, ки аксарияти маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар дар қитъаҳои аз лиҳози рух додани офатҳои табиӣ хавфнок ҷойгиранд.
Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳаҳо бо риояи комили тамоми регламентҳои техникӣ, қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва экологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор, хавфи радиатсионӣ, инчунин эмин нигоҳ доштани иншооти аз лиҳози таърихиву фарҳангӣ арзишманд муҳим аст”.
Ба сафи чунин лоиҳаҳои меъмории минтақаи Осиёи Марказӣ иншооти зерин номбар шуданд: Маҷмааи савдо ва фароғати Хон Шатир (Нур-Султон, Қазоқистон); Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ (Тошканд, Ӯзбекистон); Кохи “Рӯҳиёт” (Ашқобод, Туркманистон); Мақбараи Қумбези Манас (Талас, Қирғизистон) ва Маҷмааи боғи мавриди бунёд қарордоштаи “Истиқлол” (Душанбе, Тоҷикистон).