Баъд аз зӯҳри санаи 11-уми ноябр, як гуруҳ занон барои расонидани арзи хеш пеши роҳи мошини раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаанд.
Ин ҳодиса пас аз муаррифии раиси нави шаҳри Панҷакент ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳарчанд кормандони мақомоти қудратӣ пеши роҳи занонро гирифтаанд, вале бо ин вуҷуд Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин фаромада, арзи занҳоро шунидааст.
Тибқи иттилои хабаргузории Азия Плюс ин занҳо аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан будаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки бинои беморхонаи пешини минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакентро барои истифодаи кӯдакистон ва ё мактаб бидиҳанд.
Онҳо арз кардаанд, ки кӯдакистон надоранд, фарзандонашонро ба боғчаҳои шаҳр мебаранд.
Таҷаммӯъи занон талаб кардаанд, ки мақомот иҷоза диҳад сокинон онҷоро боғча кунанд. Ба раиси вилояти Суғд ҷамъи занони норизо гуфтаанд , чанд вақт шуд даво дав дорем. Аммо касе хоҳиши моро ба инобат намегирад.
Аммо сардухтури беморхонаи марказии Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров гуфта, ки бинои беморхона дар тавозуни мо қарор дорад ва мо ният дорем шӯъбаи эндоҷарроҳиро ба онҷо кӯчонем. Зеро ин шӯъба айни замон иҷоранишин аст.
Вале раиси ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан назари дигар дорад. Эркин Тӯхтаев, раиси ҷамоати мазкур дар суҳбат гуфт: замини беморхона то ҳол дар тавозуни хоҷагии деҳқонии «Саъдулло Рӯзиев» аст.
Мо ҳам мактуб карда будем, ки ин биноро барои кӯдакистон ба мардуми деҳаи Кабудсанг диҳанд .
Беморхонаи минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакент, соли 2012 бунёд ёфтааст ва он барои мардуми ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти водии Зарафшон хизмат мерасонид.
Моҳи сентябри соли равон баъди ба истифода додани бинои нави беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, шӯъбаи дилшиносии минтақавӣ ба ин бино кӯчид.