Рубрики Хабарҳо

Ширкатҳои мобилӣ наздик ба 2 млрд даромад гирифтаанд

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, даромади операторони хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 82 млн сомонӣ, муодили 7 миллиону 200 ҳазор доллар афзудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ операторони хусусӣ 1 млрд 860 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,6 дар сад зиёдтар аст.

Ҳиссаи операторони хусусии мобилӣ дар бахши алоқаи Тоҷикистон 94 дар садро ташкил медиҳад.

Даромади оператори миллии алоқа “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик”, инчунин дигар воҳидҳои Хадамоти алоқа баръакс, ба андозаи 25 дар сад кам шудааст: аз 146 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли гузашта то ба 110 млн сомонӣ дар 9 моҳи соли равон фаромадааст.

Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3,1 млн муштариён ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ — қариб беш аз 6 млн нафарро ташкил дода, ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Даромади операторони хусусии алоқаи кишвар тайи чанд соли охир мунтазам кам мешуд. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ коҳиш ёфта, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дод.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Аввали моҳи октябри ҳамин сол дар бораи ба фаъолият оғоз намудани боз як ширкати алоқаи мобилӣ — “О Мобайл” хабар дода шуда буд.

Афзоиши даромади операторони мобилӣ ба гумони ғолиб, ба гароншавии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар семоҳаи дуюми ҳамин сол, инчунин дар робита ба пандемияи коронавирус, ки бар асари он аксарият ба кори фосилавӣ гузашта, мутаносибан аз алоқаи мобилӣ ва интернет зиёдтар истифода мебурданд, вобаста аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *