Рубрики Хабарҳо

Ташдиди низоъ: Толибону Эрон ба сарҳад тонку тӯп мекашанд (видео)

Субҳи имрӯз бархе расонаҳои ду кишвар аз таҷаммӯъи артиш ва техникаи ҳарбии Толибон дар гузаргоҳи марзии Ислом-Қалъа хабар доданд. Гуфта мешуд, сарҳадбонони Эрон ҳам аз Теҳрон дархост кардаанд нерӯҳои иловагӣ ба маҳал эъзом намояд.

Манобеъ мегӯянд, баъди тақвияти ҳузури артиши Толибон дар Ислом-Қалъа Эрон бахше аз сарҳадбонони худро аз маҳал берун бурд, аммо дертар онҳоро бо нерӯҳои иловагии эъзомшуда баргардонд. 

Дертар наворҳое нашр шуданд, ки аз ирсоли тонку мошинҳои зиреҳпӯш аз тарафи Толибон ба сарҳад гузориш медоданд.  

Шабакаи “Нидои Балуҷ”, ки гуфта мешавад ба Толибон таъаллуқ дорад, хабар дод, ки Эрон ҳам аз Толибон ақаб намонда ва ба сарҳад навтарин таҷҳизоти низомии худро ирсол кардааст. 

Яке аз раҳбарони Толибон низ ба макони таҷаммӯъи артиши ду кишвар дар вилояти Нимрӯз сафар кардааст. Аз ӯ ном бурда намешавад, аммо аз корвоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунад, мешавад хулоса кард, ки кадом қумондони саҳроие набуда, зоҳиран фармондеҳи гурӯҳҳои бузургтари артиши Толибон аст. 

Сипоҳи посдорони Эрон ҳам сооте қабл ирсоли нерӯ ба сарҳад дар ноҳияи Доғарунро тасдиқ кард.   

Таниш байни ду кишвари форсизабон ва ҳамсоя бар сари об рӯзҳои охир боло гирифтааст. Ҳарду кишвар ҳамдигарро ба ташдиди вазъ гунаҳкор мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *